Байт-ул-муқаддас пойтахти Исроил эълон шуд: 5 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 5 декабря
День 5 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Обуна шудан
Панҷуми декабр Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ буда, дар Тайланд Рӯзи падарон ва дар Украина Рӯзи кормандони омор мебошад

Панҷуми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1913 Бритониёи Кабир ворид намудани силоҳро ба Ирландия манъ кард.
Соли 1944 дар Олмон заноне, ки синнашон аз 18 боло буд, ба артиш даъват шуданд.
Соли 1949 Байт-ул-муқаддас пойтахти Исроил эълон шуд.
Соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ аз кишварҳои аъзояш даъват кард, ки дар бораи мусаллаҳшавӣ ва қувваҳои мусаллаҳи худ маълумот пешниҳод намоянд.

Панҷуми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар иҷлосияи сеюми фавқулоддаи сарони давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ сафар кард.
Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи "Шифобахш" нашр шуд. Он нашрияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.
Соли 2008 дар Украина баъди анҷоми мулоқоти хоса президенти Украина Виктор Юшенко президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонид.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон президенти Украина Виктор Юшенкоро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз намуд.
Соли 2008 дар Украина Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко Шартномаи ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангиро имзо карданд.
Соли 2012 дар шаҳри Ишқобод - пойтахти Туркманистон ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Пас аз анҷоми ҷаласа Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ба имзо расид.
Соли 2013 дар ҷаласаи навбатии сессияи панҷуми парлумони Тоҷикистон, даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" баррасӣ шуд.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазираш дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Узбакистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Ҷашнҳои панҷуми декабр

Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ;
Рӯзи падарон дар Тайланд;
Рӯзи кормандони омор дар Украина.

Панҷуми декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд?

Фозил Абдураҳмонов (1930) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
Азиза Азимова (1915 – 1997) – актрисаи балет, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон;
Мендел Биндер (1919 – 1991) – доктори илми ҳуқуқ, профессор;
Хосият Бобоева (1923) – доктори илми таърих, профессор;
Холмурод Буйдоқов (1930-2011) – доктори илми педагогӣ, профессор;
Хушқадам Давлатқадамов (1924-1995)- арбоби давлатӣ, файласуф;
Зафар Абдулло (1976)- публисист;
Ботур Қобилов (1931) – навобардори кино ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
Озод Меликов (1964) - кинорежиссёр, кинооператор;
Файзалӣ Муродов (1936-2010) - доктори илми филологӣ;
Муҳаммадалӣ Шамс (1950)- шоир;
Сайқал (Самиев Қунғурот) (1939)- шоир;
Саодат Саломова (1967)- раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Барот Содиқов (1929)- актёри театр;
Солеҳзода Саодатхоҷа (1950) – нависанда;
Мерган Султонов (1922 - 1997) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Ҳазрат Сабоҳӣ (1948)- санъатшинос (кино);
Ҳабибулло Холҷӯраев (1933) – доктори илми таърих, профессор;
Мусо Ҷумъаев (1927 – 1995) – доктори илми кишоварзӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0