Се медали ҷудокорони навраси тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия
11:00 04.12.2021 (Навсозишуда: 12:49 06.12.2021)
© Национальный олимпийский комитет РТЮношеская сборная Таджикистана на чемпионате Азии
© Национальный олимпийский комитет РТ
Обуна шудан
Паҳлавонони навраси тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия се медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Варзишгарони навраси кишвар дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия, ки дар шаҳри Бейрути Лубнон доир шуд, 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ гирифтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар қаҳрамонӣ, ки тайи рӯзҳои дуюм ва сеюми декабр доир шуд, 133 варзишгар (81 мард, 52 зан) аз 15 давлати қора ширкат кард.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишкороне чун Ҷасур Лутфушоев, Сурӯш Эркаев, Муҳаммад Юсуфзода, Суннатулло Мирзоев, Сомонӣ Кишваров, Парвиз Абдураҳмонов намояндагӣ карданд.
Медали нуқраро Парвиз Абдураҳмонов сазовор шуд, биринҷиҳоро бошад, Сурӯш Эркаев ва Муҳамад Юсуфзода ба даст овардан.
Ҳамакнун 4-5 декабр қувваозмоиҳо миёни ҷавонон сурат мегирад. Дар ин синну сол 127 варзишгар (82 мард, 45 зан) аз 17 давлат иштирок менамоянд.
Тоҷикистонро Хурсандқул Куганов, Абубакр Шеров, Муҳаммадиқбол Тошов, Масъуд Аҳмадзод, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Шодмон Ризоев, Раҳматулло Мирзоев, Мансур Раҳмон ва Давлатҷон Назриев намояндагӣ мекунанд.