Хеле бомаҳорат: пирӯзии ҷавони тоҷик бар ду ҳарифаш дар озмуни "Голос" - видео

Обуна шудан
Овозхони тоҷик аз даври навбатии озмуни маъруфи "Голос" дар шабакаи телевизионии Русия пирӯз шуд
Дар марҳилаи навбатии озмуни "Голос" бо номи "Нокауты" Илҳом Тагиров таронаи "Русский поля"-ро иҷро кард.
Ин оҳанг дар соли 1968 аз ҷониби Ян Френкел бар таронаи Инна Гофф барои филми "Саргузаштҳои нави дастнорас" навишта шудааст. Баъдан, суруд ба эҷодиёти бисёр овозхонҳо, аз ҷумла Лев Лешенко, Марк Бернс, Валерий Ободзинский, Иосиф Кобзон дохил шуд.
Тибқи муқаррароти лоиҳа, дар ин дар се овозхони як мураббӣ ширкат мекунанд. Пас аз иҷроиш, устод танҳо як иштирокчӣ интихоб мекунад, ки иштирок дар лоиҳаро идома медиҳад.
Таронаи "Океан" ба сарояндаи тоҷик дар озмуни "Голос" пирӯзӣ овард - видео
Рақибони Тагиров ин дафъа Никита Бисюк бо таронаи "Аз ҳарвақта хушбахттар" ва Адилет Ҷумабеков бо оҳанги Эдуард Артемиев "Урга"-ро аз филми ҳамноми Никита Михалков иҷро карданд.
Сароянда Пелагея аввалин шуда, ба баромади Илхом баҳои баланд дод.
"Ташаккур ба интихоби шумо, ин суруди душвор аст. Шумо овози баланд доред ва албатта мехостам дар он ирода ва озодиро бубинам. Ҳама чиз хеле оқилона пешкаш шуд, ин гузинаи олӣ аст!", - гуфт Пелагея.
Ба гуфтаи навозанда Леонид Агутин, ҳунарманди тоҷик то ҳол худро комилан нишон надодааст ва барои ин каме кор бояд кунад.
Ёдовар мешавем, ки Дима Билан аз се дастпарвараш ба Тагиров имкон дод, ки дар лоиҳа бимонад.
Илҳом Тагиров 27 сол дорад ва зодаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донанадаи чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ аст. Тавре худаш мегӯяд, маълумоти мусиқӣ надорад ва касе аз хонаводаашон санъаткор ҳам нест.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли ҷорӣ мавсими 10-уми озмуни овозхонии "Голос" дар Шабакаи аввали Русия оғоз шуд.
Лентаи хабарҳо
0