https://sputnik.tj/20211203/sjb-tasdiq-sputnik-v-tarikh-1043917714.html
Маълум шуд, чаро СҶБ тасдиқи "Спутник V"-ро ба таърих меандозад
Маълум шуд, чаро СҶБ тасдиқи "Спутник V"-ро ба таърих меандозад
Sputnik Тоҷикистон
Ин ваксина самаранокӣ ва бехатартарии худро дар амал дар 71 кишвари ҷаҳон тасдиқ кард
2021-12-03T15:05+0500
2021-12-03T15:05+0500
2021-12-03T18:31+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
сҷб
тасдиқ
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574704_0:155:3365:2048_1920x0_80_0_0_0795d2c849ea67ce5a69abf5a3d20c64.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба таъхир афтодани тасдиқи ваксинаи русии "Спутник V" аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) танҳо ба масъалаҳои бюрократӣ марбут аст, гуфт роҳбари Хазинаи сармоягузории мустақими Русия (RDIF) Кирилл Дмитриев дар мусоҳиба бо рӯзномаи аргентинии "La Nacion". Ба гуфти Дмитриев, барои эътироф накардани ин дору ягон сабаби ҷиддии СҶБ вуҷуд надорад, зеро самаранокии он аз ҷониби нашрияҳо дар маҷаллаҳои тиббӣ ва маълумоти воқеӣ тасдиқ шудааст. Ӯ қайд кард, мақомоти танзимкунандаи беш аз 70 кишвари ҷаҳон, ки ҷамъияти умумии онҳо 4 миллиард нафарро ташкил медиҳад, истифодаи ваксинаи Русияро иҷоза додаанд ва изҳори умедворӣ кардааст, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт низ дар ояндаи наздик аз ин амал пайравӣ хоҳад кард. Роҳбари Хазинаи сармоягузории мустақими Русия инчунин ёдовар шуд, одамоне, ки бо "Спутник V" эм карда шудаанд, метавонанд ба беш аз 100 кишвари ҷаҳон ворид шаванд, дар 31 кишвар тасдиқи иловагии эмкунӣ аз COVID-19-ро талаб намекунанд. "Спутник V" - аввалин ваксинаи ҷаҳонӣ алайҳи коронавирус аст, ки аз ҷониби Маркази Гамалеяи Русия таҳия шудааст.Қаблан Русия ваксинаи дигари димоғии "Спутник V"-ро таҳия карда буд, ки бояд дар якҷоягӣ бо сӯзандору ҳамчун муҳофизати иловагӣ аз вирус истифода шавад. Айни замон озмоишҳо дар ин самт ҷараён доранд, ки дар он президенти Русия Владимир Путин ширкат кардааст.
https://sputnik.tj/20211202/nazar-ginsburg-istifodai-vaksinaho-1043890458.html
https://sputnik.tj/20211124/dar-rusiya-navrason-vaksinai-sputnik-m-megirand---1043744067.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574704_376:0:3107:2048_1920x0_80_0_0_6987889eea533c32376ea6dddfa7f8d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҷб, тасдиқи "спутник v", таърих меандозад
сҷб, тасдиқи "спутник v", таърих меандозад
Маълум шуд, чаро СҶБ тасдиқи "Спутник V"-ро ба таърих меандозад
15:05 03.12.2021 (Навсозишуда: 18:31 03.12.2021) Ин ваксина самаранокӣ ва бехатарии худро дар амал дар 71 кишвари ҷаҳон тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба таъхир афтодани тасдиқи ваксинаи русии "Спутник V" аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) танҳо ба масъалаҳои бюрократӣ марбут аст, гуфт роҳбари Хазинаи сармоягузории мустақими Русия (RDIF) Кирилл Дмитриев дар мусоҳиба бо рӯзномаи аргентинии "La Nacion".
"Вазорати тандурустии Русия бо СҶБ робитаи зич дорад ва мо дарк мекунем, ки монеаҳои ночиз дар роҳи мо ҳастанд, аммо онҳо хусусияти истисноии бюрократӣ доранд", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Дмитриев, барои эътироф накардани ин дору ягон сабаби ҷиддии СҶБ вуҷуд надорад, зеро самаранокии он аз ҷониби нашрияҳо дар маҷаллаҳои тиббӣ ва маълумоти воқеӣ тасдиқ шудааст.
Ӯ қайд кард, мақомоти танзимкунандаи беш аз 70 кишвари ҷаҳон, ки ҷамъияти умумии онҳо 4 миллиард нафарро ташкил медиҳад, истифодаи ваксинаи Русияро иҷоза додаанд ва изҳори умедворӣ кардааст, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт низ дар ояндаи наздик аз ин амал пайравӣ хоҳад кард.
Роҳбари Хазинаи сармоягузории мустақими Русия инчунин ёдовар шуд, одамоне, ки бо "Спутник V" эм карда шудаанд, метавонанд ба беш аз 100 кишвари ҷаҳон ворид шаванд, дар 31 кишвар тасдиқи иловагии эмкунӣ аз COVID-19-ро талаб намекунанд.
"Спутник V" - аввалин ваксинаи ҷаҳонӣ алайҳи коронавирус аст, ки аз ҷониби Маркази Гамалеяи Русия таҳия шудааст.
Қаблан Русия ваксинаи дигари димоғии "Спутник V"-ро таҳия карда буд, ки бояд дар якҷоягӣ бо сӯзандору ҳамчун муҳофизати иловагӣ аз вирус истифода шавад.
Айни замон озмоишҳо дар ин самт ҷараён доранд, ки дар он президенти Русия Владимир Путин ширкат кардааст.