https://sputnik.tj/20211203/muzd-mehnat-muhojir-afzoish-1043908502.html
Эҳтимоли афзоиши музди муҳоҷирони корӣ дар соли 2022
Эҳтимоли афзоиши музди муҳоҷирони корӣ дар соли 2022
Sputnik Тоҷикистон
Камбуди муҳоҷирони корӣ мизони маош дар Русияро боло бурд ва ин тамоюл эҳтимол дар соли 2022 идома ёбад 03.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-03T10:25+0500
2021-12-03T10:25+0500
2021-12-03T12:43+0500
муҳоҷират
болоравии маош
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/45/1013644546_0:59:2935:1710_1920x0_80_0_0_bc712d28d800d59f556bbb67e1c76ee4.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Масъалаи камбуди нерӯи корӣ дар Русия ба он оварда расонд, ки то охири соли 2021 маоши муҳоҷирон ва онҳое, ки дар сохтмон, соҳаи хидматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши кишоварзӣ кор мекунанд, афзоиш ёбад, хабар медиҳад "Российская газета". Ҳамин тариқ муҳоҷирон, дурусттараш норасоии онҳо дар ҳама соҳот, ки он ҷо шаҳрвандони хориҷӣ маъмулан бо кор таъмин мешуданд, музди корро зиёд кард.Тибқи маълумоти "Росстат", ҳоло маоши миёна дар Русия 54,6 ҳазор рублро ташкил медиҳад, аммо то охири соли 2021 метавонад то 56 ҳазор рубл афзоиш ёбад. Дар умум соли соли ҷорӣ ҳаққи моҳона тақрибан 5 ҳазор афзоиш ёфтааст.Танҳо дар бахши сохтмон, ба гуфтаи Вазорати сохтмони Федератсияи Русия, хуруҷи муҳоҷирон ба камбуди дастикам 2 миллион коргар мунҷар шудааст. Талабот ба кадр боиси афзоиши маоши бинокорон шудааст.Музди меҳнати бинокорону таъмирчиён соле ба ҳисоби миёна 25-30 фоиз зиёд шудааст.Ба далели нарасидани нерӯи корӣ дар Русия маоши боркашон, коргарони анбор, пайкрасонҳо ва ронандагон низ ба ҳисоби миёна 25% меафзояд. Дар бозори кори Русия норасоии нерӯи корӣ дар соли оянда низ эҳсос хоҳад шуд, афзуд манбаъ.Аз ин рӯ маош тадриҷан афзоиш хоҳад ёфт, аммо на ба он суръате, ки соли гузашта иттифоқ афтод. Ба гуфтаи Анастасия Ускова, мудири кулли пойгоҳи "Rocket Work", меъёрҳои бозори меҳнат мисли пештара талаботро муайян мекунанд ва то охири сол он тасвиреро, ки дар ду семоҳаи аввали соли 2022 хоҳад буд, пурра инъикос мекунад. Умуман дар соли нав афзоиши музди кор назар ба таваррум зиёд мешавад. Яъне дар соҳаҳое, ки муҳоҷирон кор мекунанд, музди меҳнат тақрибан 10-15% меафзояд.
https://sputnik.tj/20211201/vazorat-iqtisod-muhojir-rusiya-maosh-1043856096.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101364/45/1013644546_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_0f0a46ee295ae8d28dc752e61e28c0a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, болоравии маош, дар русия
муҳоҷират, болоравии маош, дар русия
Эҳтимоли афзоиши музди муҳоҷирони корӣ дар соли 2022
10:25 03.12.2021 (Навсозишуда: 12:43 03.12.2021) Камбуди муҳоҷирони корӣ мизони маош дар Русияро боло бурд ва ин тамоюл эҳтимол дар соли 2022 идома ёбад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Масъалаи камбуди нерӯи корӣ дар Русия ба он оварда расонд, ки то охири соли 2021 маоши муҳоҷирон ва онҳое, ки дар сохтмон, соҳаи хидматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши кишоварзӣ кор мекунанд, афзоиш ёбад,
хабар медиҳад "Российская газета".
Ҳамин тариқ муҳоҷирон, дурусттараш норасоии онҳо дар ҳама соҳот, ки он ҷо шаҳрвандони хориҷӣ маъмулан бо кор таъмин мешуданд, музди корро зиёд кард.
Тибқи маълумоти "Росстат", ҳоло маоши миёна дар Русия 54,6 ҳазор рублро ташкил медиҳад, аммо то охири соли 2021 метавонад то 56 ҳазор рубл афзоиш ёбад. Дар умум соли соли ҷорӣ ҳаққи моҳона тақрибан 5 ҳазор афзоиш ёфтааст.
Танҳо дар бахши сохтмон, ба гуфтаи Вазорати сохтмони Федератсияи Русия, хуруҷи муҳоҷирон ба камбуди дастикам 2 миллион коргар мунҷар шудааст. Талабот ба кадр боиси афзоиши маоши бинокорон шудааст.
Музди меҳнати бинокорону таъмирчиён соле ба ҳисоби миёна 25-30 фоиз зиёд шудааст.
Ба далели нарасидани нерӯи корӣ дар Русия маоши боркашон, коргарони анбор, пайкрасонҳо ва ронандагон низ ба ҳисоби миёна 25% меафзояд. Дар бозори кори Русия норасоии нерӯи корӣ дар соли оянда низ эҳсос хоҳад шуд, афзуд манбаъ.
Аз ин рӯ маош тадриҷан афзоиш хоҳад ёфт, аммо на ба он суръате, ки соли гузашта иттифоқ афтод.
Ба гуфтаи Анастасия Ускова, мудири кулли пойгоҳи "Rocket Work", меъёрҳои бозори меҳнат мисли пештара талаботро муайян мекунанд ва то охири сол он тасвиреро, ки дар ду семоҳаи аввали соли 2022 хоҳад буд, пурра инъикос мекунад.
Умуман дар соли нав афзоиши музди кор назар ба таваррум зиёд мешавад. Яъне дар соҳаҳое, ки муҳоҷирон кор мекунанд, музди меҳнат тақрибан 10-15% меафзояд.