https://sputnik.tj/20211203/muloqot-vazir-maorif-khorugh-donishjuy-kitobkhona-1043921277.html
Мулоқоти вазири маориф бо устодон дар Хоруғ: Ӯ гуфт, ҷойи донишҷӯй китобхона аст
Мулоқоти вазири маориф бо устодон дар Хоруғ: Ӯ гуфт, ҷойи донишҷӯй китобхона аст
Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, бо ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқот кардааст
2021-12-03T16:15+0500
2021-12-03T16:15+0500
2021-12-03T19:05+0500
дар тоҷикистон
маориф
хоруғ
донишгоҳ
вазир
амалкарди роҳбарият
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032764574_0:62:1185:729_1920x0_80_0_0_0159a0a75ec689aa3ab9d77d6e63d510.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Мулоқоти вазири маориф бо ҳайати кормандони Донишгоҳи Хоруғ дар пасманзари эътирозҳои ахир дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд. Ба иттилои "Оинаи зиндагӣ", нашрияи ҳукумати Хоруғ, Имомзода дар мулоқот таъкид намудааст, ки устодон бештар аз аввала бояд рисолати асосии хешро дар назди ҷомеаву давлат иҷро намоянд. Вазир зарур хондааст, ки устодон шогирдонро пеш аз ҳама дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ободию созандагӣ тарбия кунанд. Ӯ афзуд, ки омӯзгоронро лозим аст, ба донишомӯзию маънавиёти донишҷӯён таваҷҷуҳ кунанд. Манбаъ мегӯяд, ки профессор Гулзорхон Юсуфзода, ректори ДДХ иброз доштааст, ки раёсат ва аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҳукумат буда, ба ҳамаи вазъу ҳолатҳо нигоҳ накарда, содиқ мемонанд.
https://sputnik.tj/20211130/rusiya-tojikiston-sozishnoma-maorif-1043840437.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032764574_66:0:1119:790_1920x0_80_0_0_045eeb8a6cb5efdaa46484d97e09dcbf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, китобхона, мулоқот, хоруғ
вазир, китобхона, мулоқот, хоруғ
Мулоқоти вазири маориф бо устодон дар Хоруғ: Ӯ гуфт, ҷойи донишҷӯй китобхона аст
16:15 03.12.2021 (Навсозишуда: 19:05 03.12.2021) Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқот кардааст
ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Мулоқоти вазири маориф бо ҳайати кормандони Донишгоҳи Хоруғ дар пасманзари эътирозҳои ахир дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд.
Ба иттилои "Оинаи зиндагӣ", нашрияи ҳукумати Хоруғ, Имомзода дар мулоқот таъкид намудааст, ки устодон бештар аз аввала бояд рисолати асосии хешро дар назди ҷомеаву давлат иҷро намоянд.
Вазир зарур хондааст, ки устодон шогирдонро пеш аз ҳама дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ободию созандагӣ тарбия кунанд.
"Манфиати мардум, давлат ва миллат аз ҳама болотар меистад. Муҳассилини донишгоҳ бояд ояндаи рӯшан дар пеш дошта бошанд. Зеро ҷойи донишҷӯ пеш аз ҳама китобхона, донишгоҳ ва боргоҳи маърифат аст", - зикр шудааст аз қавли вазири маориф.
Ӯ афзуд, ки омӯзгоронро лозим аст, ба донишомӯзию маънавиёти донишҷӯён таваҷҷуҳ кунанд.
Манбаъ мегӯяд, ки профессор Гулзорхон Юсуфзода, ректори ДДХ иброз доштааст, ки раёсат ва аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти ҳукумат буда, ба ҳамаи вазъу ҳолатҳо нигоҳ накарда, содиқ мемонанд.