Мақомдори Кумитаи дин ба милисаҳо аз таҳаммулпазирию баробарии пайравони ҳамаи динҳо гуфт

© Sputnik / Стас ЭтвешНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Обуна шудан
Муллоалӣ Алиев, мақомдори Кумитаи дини Тоҷикистон, консепсияи сиёсати давлатиро дар соҳаи дин ба кормандони мақомоти умури дохилӣ шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон, 4 ҳазору 58 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 3 ҳазору 989 ададаш масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта мебошанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон аз қавли Муллоалӣ Алиев.
Ба иттилои манбаъ, мақомдори Кумитаи дин дар мулоқот бо милисаҳо изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудааст.
"Аз соли 2014 инҷониб барои имомхатибон маош муайян гардида, дар умум 3500 ходими дин ба омӯзиш ва курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуда, ба онҳо гувоҳнома дода шудааст", - афзуд ӯ.
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Тоҷикистон ба интиқоди Амрико дар бораи нақзи озодиҳои динӣ вокуниш кард
Вай илова намудаст, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар Тоҷикистон бар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони тамоми динҳо дар назди қонун амалӣ карда мешавад.
Алиев изҳор доштаст, ки ҳадаф аз ин муқаррар кардани дурнамои дарозмуҳлат барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0