Ба тоҷикистониён рӯзҳои "тар"-и истироҳатӣ пешгӯӣ карданд

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Обуна шудан
Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки оғоз аз рӯзи якшанбе дар бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва боронӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 4 декабр бебориш ва рӯзи якшанбе борони кутоҳмуддат ва фаромадани меғ пешбинӣ мешавад.
Ҳаво шабона 2-4 дараҷа гарм, рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф борида суръати вазиши борд то 9 метр дар як сония мерасад. Ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар шаҳри Хоруғ рӯзи шанбе ҳаво нимаабрист, вале бебориш мешавад.
Аз рӯзи душанбе дар ин минтақа бориши борон дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа хунук, рӯзона аз 9 то 11 дараҷа гарм ва рӯзи якшанбе то се дараҷа сард мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Мурғоб шабона ҳаво то 18 дараҷа сард ва рӯзона 1-3 дараҷа сард мешавад. Дар ғарб, дар баъзе ҷойҳо, ҳатто то 21-26 дараҷа сард мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Дар Хуҷанд ва вилояти Суғд бебориш, вале баъзан меҳ мефарояд. Бод то 17 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ на танҳо борон, балки барф меборад, шабона тақрибан 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҷануби Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон рӯзи шанбе бебориш ва рӯзи якшанбе борон меборад. Ҳаво рӯзона аз 17 дараҷа сард то 7-9 дараҷа ва шабона то 1-3 дараҷа сард мешавад.
Лентаи хабарҳо
0