Гусели бошукӯҳи Ангела Меркел аз мақоми садри аъзам дар Олмон - видео

© REUTERS \ KAY NIETFELDКанцлер ФРГ Ангела Меркель
Канцлер ФРГ Ангела Меркель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2021
Обуна шудан
Дар Олмон маъракаи тантанавии гусели Меркел аз мақоми садри аъзами ин кишвар сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Олмон барои гусели ҳамакнун канслери собиқ Ангела Меркел маросими хайрбод баргузор кард.
Меркел дар ин маросим бо суханони вопасини худ ба унвони садри аъзам дар ин симмат суханронӣ кард ва барои ҷойгузини худ Олаф Шолтсу мувааффақият хост.

"Вақте ки ман имрӯз дар назди шумо меистам, миннатдорӣ ва фурӯтаниро ҳис мекунам. Фурӯтанӣ дар назди мансабе, ки ман муддати тӯлонӣ доштам, миннатдорӣ барои эътимоде, ки ман ҳис мекардам. Боварӣ муҳимтарин сармоя дар сиёсат аст. Барои ин ба шумо аз таҳти дил ташаккур мегӯям", - изҳор кард Меркел.

Шоми панҷшанбе "Бундесвер" дар саҳни Вазорати дифоъ маросими анъанавии "Шоми бузург" баргузор кард, ки он маъмулан барои гусел кардани сиёсатмадорони воломақом баргузор мешавад.
Федеральный канцлер ФРГ Ангела Меркель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Меркел гуфт, ки сиёсатро барои ҳамеша тарк мекунад
Меркел дар назди низомиён суханронӣ кард, сипас сарбозон бо машъалҳо раҳпаймоӣ карданд.
Ёдрас менамоем, ки Ангела Меркел ин вазифаро аз охири моҳи ноябри соли 2005 ба ин сӯ иҷро мекард.
Лентаи хабарҳо
0