https://sputnik.tj/20211203/farmoni-rohbari-tolib-rozigii-dukhtaron-nikoh-1043917231.html
Фармони роҳбари толибҳо дар бораи розигии духтарон ҳангоми никоҳ
Фармони роҳбари толибҳо дар бораи розигии духтарон ҳангоми никоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Мулло Ҳибатуллоҳ, роҳбари толибҳо бо имзои як фармони ҷадид таъкид кардааст, ки ҳеч кас иҷоза надорад ба зӯр духтареро ба никоҳи худ дарорад
2021-12-03T14:35+0500
2021-12-03T14:35+0500
2021-12-03T18:26+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
афғонистон
никоҳ
зан
ҳуқуқ
толиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041748877_0:0:3073:1730_1920x0_80_0_0_3da0fe0cbc403d1785f0ab11ac1ab66f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охунд дар фармони ҷадидаш гуфтааст, ки ризоияти духтари болиғ ҳангоми никоҳ зарур мебошад ва касе наметавонад ӯро маҷбур намояд, навиштааст Sputnik Афғонистон. Зан мол нест, балки инсони озоду асил аст, омадааст дар санади нашркардаи толибҳо. "Пас аз вафоти шавҳар ҳар гоҳе муҳлати шаръӣ сипарӣ шуд, зани беваро на бародари шавҳар ба зӯрӣ ба никоҳ гирифта метавонад, на каси дигар. Зани бева дар мавриди никоҳ ва таъйини сарнавишти худ соҳибихтиёр мебошад", - иқтибос оварда шудааст аз фармони Ҳибатуллоҳ. Инчунин гирифтани маҳр низ аз шавҳари нав ҳаққи шаръии зан арзёбӣ шудааст. Дар баробари ин аз ҳаққи зан ба мерос таъкид гардидааст. Манбаъ афзуд, афроде, ки чанд зан доранд, уҳдадоранд, ҳуқуқи ҳамаи занонро мутобиқи ҳукми шаръӣ риоя намоянду адолатро дар муносибат бо ҳамаи онҳо таъмин созанд. Масъулини ҳукумати ҷадид дар Афғонистон муваззаф шудаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар мавриди ҳуқуқи занон дар кишвар бештар кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон шикоятҳо аз худсариҳои толибҳо дар маҳалҳо, аз ҷумла ба никоҳи худ даровардани чандин зан нашр шуда буданд.
https://sputnik.tj/20211203/hamla-tolib-yak-marosim-arusi-takhor-1043912854.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041748877_208:0:2939:2048_1920x0_80_0_0_501766af5fd0c2582853f2065257eb15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбар, толибҳо, фармон, никоҳ, духтар, издивоҷ
роҳбар, толибҳо, фармон, никоҳ, духтар, издивоҷ
Фармони роҳбари толибҳо дар бораи розигии духтарон ҳангоми никоҳ
14:35 03.12.2021 (Навсозишуда: 18:26 03.12.2021) Мулло Ҳибатуллоҳ, роҳбари толибҳо бо имзои як фармони ҷадид таъкид кардааст, ки ҳеч кас иҷоза надорад, ба зӯр духтареро ба никоҳи худ дарорад
ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охунд дар фармони ҷадидаш гуфтааст, ки ризоияти духтари болиғ ҳангоми никоҳ зарур мебошад ва касе наметавонад ӯро маҷбур намояд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Зан мол нест, балки инсони озоду асил аст, омадааст дар санади нашркардаи толибҳо.
"Пас аз вафоти шавҳар ҳар гоҳе муҳлати шаръӣ сипарӣ шуд, зани беваро на бародари шавҳар ба зӯрӣ ба никоҳ гирифта метавонад, на каси дигар. Зани бева дар мавриди никоҳ ва таъйини сарнавишти худ соҳибихтиёр мебошад", - иқтибос оварда шудааст аз фармони Ҳибатуллоҳ.
Инчунин гирифтани маҳр низ аз шавҳари нав ҳаққи шаръии зан арзёбӣ шудааст. Дар баробари ин аз ҳаққи зан ба мерос таъкид гардидааст.
Манбаъ афзуд, афроде, ки чанд зан доранд, уҳдадоранд, ҳуқуқи ҳамаи занонро мутобиқи ҳукми шаръӣ риоя намоянду адолатро дар муносибат бо ҳамаи онҳо таъмин созанд.
Масъулини ҳукумати ҷадид дар Афғонистон муваззаф шудаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар мавриди ҳуқуқи занон дар кишвар бештар кунанд.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон шикоятҳо аз худсариҳои толибҳо дар маҳалҳо, аз ҷумла ба никоҳи худ даровардани чандин зан нашр шуда буданд.