https://sputnik.tj/20211203/bistrov-mukholifin-gidroenergetika-sharoit-tojikiston-1043929689.html
Бистров гуфт, чаро даъвои мухолифини гидроэнергетика дар шароити Тоҷикистон беасосанд
Бистров гуфт, чаро даъвои мухолифини гидроэнергетика дар шароити Тоҷикистон беасосанд
Sputnik Тоҷикистон
Максим Бистров, мақомдори умури энергетикаи Русия, тавзеҳ дод, ки чаро гидроэнергетикаи Тоҷикистон сабзтар аз онест, ки тасаввур карда мешавад
2021-12-03T19:05+0500
2021-12-03T19:05+0500
2021-12-03T20:11+0500
дар тоҷикистон
энергетика
экология
нерӯгоҳ
сабз
тоза кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097968_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_9f67acb027226018e63fe3b7a8ebd2a7.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раиси Ассотсиатсияи шарикии ғайритиҷории Шӯрои бозор дар Русия мегӯяд, даъвои мухолифини гидроэнергетикаи бузург, ки мегӯянд, садҳои бузург боиси хуруҷи газҳои гулхонаӣ мешаванд, дар мавриди Тоҷикистон дуруст нестанд. Максим Бистров дар ҷаласаи Анҷумани дуюми АвруОсиё дар Маскав гуфт, мухолифини гидроэнергетикаи бузург онро дар назар доранд, ки майдонҳои васеъ зери об мемонанд ва ин боис мешавад, ки ҷангалзорҳо ғарқу пӯсида шаванду дар натиҷа газҳои гулхонаӣ хориҷ гардад. "Ин иддао дар мавриди кишварҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дуруст нест. Он ҷо водиҳо ғарқ мешаванд, чун дар водӣ чандон ҷангалзор нест, мушкиле вуҷуд надорад", - таъкид намуд коршинос. Ӯ афзуд, ки дар шароити Тоҷикистон гидроэнергетика ҳатто сабзтар аз онест, ки дар ҳамвориҳост. Ассотсиатсияи шарикии ғайритиҷории Шӯрои бозор ба умури ташкил ва идораи самараноки фурӯши яклухту чаканаи нерӯ дар Русия машғул мебошад ва интизор меравад, ки дар самти якҷошавии низомҳои энергетикии Русия ва Беларус фаъолият кунад.
https://sputnik.tj/20211203/furushi-barq-izofi-neru-sherali-kabir-maskav-video-1043927522.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097968_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_07c344d94f6e8578bfffea2d00c70141.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гидроэнергетика, нерӯ, барқ, тоҷикистон
гидроэнергетика, нерӯ, барқ, тоҷикистон
Бистров гуфт, чаро даъвои мухолифини гидроэнергетика дар шароити Тоҷикистон беасосанд
19:05 03.12.2021 (Навсозишуда: 20:11 03.12.2021) Максим Бистров, мақомдори умури энергетикаи Русия тавзеҳ дод, ки чаро гидроэнергетикаи Тоҷикистон сабзтар аз онест, ки тасаввур карда мешавад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раиси Ассотсиатсияи шарикии ғайритиҷории Шӯрои бозор дар Русия мегӯяд, даъвои мухолифини гидроэнергетикаи бузург, ки мегӯянд, садҳои бузург боиси хуруҷи газҳои гулхонаӣ мешаванд, дар мавриди Тоҷикистон дуруст нестанд.
Максим Бистров дар ҷаласаи Анҷумани дуюми АвруОсиё дар Маскав гуфт, мухолифини гидроэнергетикаи бузург онро дар назар доранд, ки майдонҳои васеъ зери об мемонанд ва ин боис мешавад, ки ҷангалзорҳо ғарқу пӯсида шаванду дар натиҷа газҳои гулхонаӣ хориҷ гардад.
"Ин иддао дар мавриди кишварҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дуруст нест. Он ҷо водиҳо ғарқ мешаванд, чун дар водӣ чандон ҷангалзор нест, мушкиле вуҷуд надорад", - таъкид намуд коршинос.
Ӯ афзуд, ки дар шароити Тоҷикистон гидроэнергетика ҳатто сабзтар аз онест, ки дар ҳамвориҳост.
Ассотсиатсияи шарикии ғайритиҷории Шӯрои бозор ба умури ташкил ва идораи самараноки фурӯши яклухту чаканаи нерӯ дар Русия машғул мебошад ва интизор меравад, ки дар самти якҷошавии низомҳои энергетикии Русия ва Беларус фаъолият кунад.