Бо белу мушт: Задухӯрди гурӯҳҳои поккор дар Маскав - видео

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкСотрудники коммунальных служб убирают снег на одной из улиц в Москве
Сотрудники коммунальных служб убирают снег на одной из улиц в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Обуна шудан
Ниҳодҳои қудратии Маскав аз рӯи далели задухӯрди гурӯҳии поккорон тафтишот мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Додситонии Маскав дар шабакаи "Telegram"-и худ навореро нашр кард, ки дар он мардоне бо либоси кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ задухӯрд мекунанд.
Додситонӣ онро месанҷад.
Дар видеое, ки ин ниҳод нашр кардааст, дида мешавад, беш аз шаш нафар дар тан либоси кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ бо бел дар яке аз ҳавлиҳои маскунӣ бо ҳам меҷанганд.
"Прокуратура аз рӯи шикоятҳои сокинони ноҳияи Басманний дар бораи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаи Машков тафтишот мебарад", - омадааст дар хабар.
Ҷанги гуруҳии муҳоҷирони тоҷику ӯзбек - расонаҳо
Маълум нест, ки кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ шаҳрвандони кадом кишваранд. Дигар ҷузъиёти ин ҳодиса низ то ҳол норӯшан аст.
Вокуниши Собянин ба занозании оммавии муҳоҷирон: аз чунин меҳмонон мо хуш нестем
Ёдрас менамоем, ки қаблан дар пайи як занозании гурӯҳии миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ даҳҳо нафар аз Русия ихроҷ шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0