https://sputnik.tj/20211202/sabab-khisorot-sukhtor-anbor-mastchoh-1043900633.html
"Қасдан сӯзонданд": сабаб ва хисороти 46 миллионии сӯхтор дар Мастчоҳ
"Қасдан сӯзонданд": сабаб ва хисороти 46 миллионии сӯхтор дар Мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти як ҳафта аз вуқӯъи ҳодиса, мақомоти тафтишотӣ сабаби сар задани оташсӯзӣ ва хисороти расида аз он дар анбори нигоҳдории пахтаи ширкати “Музаффар компания” дар ноҳияи Мастчоҳро хулоса кардаанд
2021-12-02T19:05+0500
2021-12-02T19:05+0500
2021-12-10T12:50+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
анбор
хисорот
пахта
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0a/1044068870_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_a268c24bd606029a793dd52e08dbc266.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Манобеи наздик ба таҳқиқи ҳодиса гуфтанд, ки кори гурӯҳи созмонёфтат таҳқиқи сабаби сар задани оташсӯзии анбори пахта дар ноҳияи Мастчоҳ наздик ба анҷомёбист ва қарор аст, то фардо расман ба мақомоти дахлдор ироа шавад. Як манбаи муътамад аз Раёсати сӯхторнишонии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳафтод дарсади хулосаи комиссияи тафтишотӣ сабаби ҳодисаи сӯхтор амдӣ арзёбӣ шудааст.Бино ба иттилои манобеъ аз ноҳияи Мастчоҳ, дар пайи ин оташсӯзӣ ҳудуди 700 тонна пахтаи тайёр ба коми оташ рафтааст. Ба кормандони мақомоти сӯхторнишонӣ муяссар шудааст, ки беш аз 400 тонна пахтаро аз коми оташ наҷод диҳанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳаҷми хисороти расида аз сӯхтор дар анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ кам ё беш аз 46 миллион сомонӣ ҳисоб мешавад. Сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳ, ки мутаалиқ ба ширкати “Музаффар компания” гуфта мешавад, соати 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр сар зад. Барои хомӯш намудани он ба ҳисоби мошинҳои обпоши ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 14 мошини дигари сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол фиристода шуд ва баъди қариб 10-12 соат ин сӯхтор хомӯш карда шуд. Амали амдӣ хулоса шудани оташсӯзии анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки дар рӯзи 21-уми октябр ба коми оташ рафтани тахтабозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳам мақомот кори қасдан анҷомшуда эълон карда буданд. Дар пайи ин ҳодиса низ соҳибкорон зиёни бузурги молӣ диданд. Аммо то кунун мақомот дар бораи боз кардани парванда алайҳи омилони ин ҳодиса расман чизе нагуфтаанд.
https://sputnik.tj/20211125/sukhtor-anbori-pakhta-mastchoh-1043750230.html
https://sputnik.tj/20211026/payomad-sukhtor-takhtabozor-barakat-sughd-aks-1043103264.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0a/1044068870_100:0:1777:1258_1920x0_80_0_0_2a78a30bac5ee8cad758aa7c6418923f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анбор, пахта, ноҳияи мастчоҳ, оташ
анбор, пахта, ноҳияи мастчоҳ, оташ
"Қасдан сӯзонданд": сабаб ва хисороти 46 миллионии сӯхтор дар Мастчоҳ
19:05 02.12.2021 (Навсозишуда: 12:50 10.12.2021) Бо гузашти як ҳафта аз вуқуи ин ҳодиса мақомоти тафтишотӣ таҳқиқи сабаби сар задани оташсӯзӣ ва хисороти расида аз он дар анбори нигоҳдории пахтаи ширкати “Музаффар компания” дар ноҳияи Мастчоҳро ба анҷом расондаанд
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Манобеи наздик ба таҳқиқи ҳодиса гуфтанд, ки кори гурӯҳи созмонёфтат таҳқиқи сабаби сар задани оташсӯзии анбори пахта дар ноҳияи Мастчоҳ наздик ба анҷомёбист ва қарор аст, то фардо расман ба мақомоти дахлдор ироа шавад.
Як манбаи муътамад аз Раёсати сӯхторнишонии Суғд дар суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳафтод дарсади хулосаи комиссияи тафтишотӣ сабаби ҳодисаи сӯхтор амдӣ арзёбӣ шудааст.
"Сӯхтор тахминан соатҳои 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр рух додааст. Фарзияҳои асосӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, оташи тамоку (сигарет) ва ҳатто оташбозии кӯдакон ҳам санҷида шудааст. Ин фарзияҳо ба воқеияти ҳодиса мувофиқат намекунанд. Хулоса шудааст, ки оташсӯзӣ қасдан сурат гирифтааст”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манобеъ аз ноҳияи Мастчоҳ, дар пайи ин оташсӯзӣ ҳудуди 700 тонна пахтаи тайёр ба коми оташ рафтааст.
Ба кормандони мақомоти сӯхторнишонӣ муяссар шудааст, ки беш аз 400 тонна пахтаро аз коми оташ наҷод диҳанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳаҷми хисороти расида аз сӯхтор дар анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ кам ё беш аз 46 миллион сомонӣ ҳисоб мешавад.
Сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳ, ки мутаалиқ ба ширкати “Музаффар компания” гуфта мешавад, соати 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр сар зад.
Барои хомӯш намудани он ба ҳисоби мошинҳои обпоши ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 14 мошини дигари сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол фиристода шуд ва баъди қариб 10-12 соат ин сӯхтор хомӯш карда шуд.
Амали амдӣ хулоса шудани оташсӯзии анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки дар рӯзи 21-уми октябр ба коми оташ рафтани тахтабозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳам мақомот кори қасдан анҷомшуда эълон карда буданд.
Дар пайи ин ҳодиса низ соҳибкорон зиёни бузурги молӣ диданд. Аммо то кунун мақомот дар бораи боз кардани парванда алайҳи омилони ин ҳодиса расман чизе нагуфтаанд.