https://sputnik.tj/20211201/zane-dushanbe-duzdi-kudak-bozdosht-1043857757.html
Боздошти зане бо иттиҳоми дуздии кӯдаки думоҳа дар Душанбе
Боздошти зане бо иттиҳоми дуздии кӯдаки думоҳа дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот аз дарёфти кудаке, ки як рӯз қабл хабари рабуда шуданаш дар расонаҳо паҳн шудаву наздиконаш хостори кумак шуда буданд
2021-12-01T10:21+0500
2021-12-01T10:21+0500
2021-12-01T20:36+0500
душанбе
боздошт
зани ҷавон
одамрабоӣ
вуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/86/1024378673_0:61:1504:907_1920x0_80_0_0_2ec3d23c6cbbc583a4a06d0f25bf51c6.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе аз боздошти ҷавонзане хабар медиҳад, ки дар одамрабоӣ муттаҳам мешавад.Ба иттилои манбаъ, 30 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 15.00 ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабари дуздида шудани кӯдаки навзоди думоҳа дар ҳудуди дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13 (собиқ поликлиникаи №1) расидааст.Ин ниҳод мегӯяд, бо расидани хабар гурӯҳи махсусе даст ба кор шудааст, ки соати 4.20 дақиқаи саҳар гумонбаршаванда берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир ва навзоди думоҳа сиҳату саломат дарёфт гардид.Ин ниҳод мегӯяд, гумонбаршаванда ҷавонзани 29-сола А.Н.Р., зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошадАйни ҳол нисбати гумонбаршаванда, тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/86/1024378673_108:0:1396:966_1920x0_80_0_0_33f8f4b3770c1e3a8a7f5a50631bba8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зан душанбе дуздӣ кӯдак боздошт
зан душанбе дуздӣ кӯдак боздошт
Боздошти зане бо иттиҳоми дуздии кӯдаки думоҳа дар Душанбе
10:21 01.12.2021 (Навсозишуда: 20:36 01.12.2021) Мақомот аз дарёфти кӯдаке, ки як рӯз қабл хабари рабуда шуданаш расонаӣ шудаву наздиконаш хостори кумак гашта буданд, хабар доданд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе аз боздошти ҷавонзане хабар медиҳад, ки дар одамрабоӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, 30 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 15.00 ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабари дуздида шудани кӯдаки навзоди думоҳа дар ҳудуди дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13 (собиқ поликлиникаи №1) расидааст.
Ин ниҳод мегӯяд, бо расидани хабар гурӯҳи махсусе даст ба кор шудааст, ки соати 4.20 дақиқаи саҳар гумонбаршаванда берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир ва навзоди думоҳа сиҳату саломат дарёфт гардид.
Ин ниҳод мегӯяд, гумонбаршаванда ҷавонзани 29-сола А.Н.Р., зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад
"Ӯ зимни қарор доштан дар дохили дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудини модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст", - aфзудааст манбаъ.
Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда, тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.