Ӯзбекистон парвозҳо ба баъзе аз кишварҳоро қатъ кард: бо Тоҷикистон чӣ?

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаСамолет "Узбекских авиалиний"
Самолет Узбекских авиалиний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Обуна шудан
Сабаби маҳдудиятҳои вуруд ба ин кишвар дар саросари ҷаҳон паҳн шудани навъи нави коронавируси "омикрон" гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон дар бораи қатъи парвозҳо бо баъзе аз кишварҳо хабар доданд.
Ин тасмим дар асоси фармони Вазорати тандурустии ин ҷумҳурӣ эълон шудааст.
Ҳамин тариқ мамнуъият аз сеюми декабри соли 2021 эътибор пайдо мекунад ва то 10 январи соли 2022 идома хоҳад кард.
Қатъи парвозҳо ба хатсайрҳои вуруд, хуруҷи байналмилалӣ ва транзитӣ ба ин кишвар рабт дорад.
Парвозҳо аз Ӯзбекистон ба Африқои Ҷанубӣ, Ботсвана, Намибия, Зимбабве, Мозамбик, Мадагаскар, Лесото, Эсватини, Танзания ва Ҳонконг қатъ мешаванд.
Ба ин тартиб мақомоти Ӯзбекистон вуруди ҳама шаҳрвандонеро, ки тайи 14 рӯзи охир дар қаламрави ин кишварҳо буданд, ба ҷумҳурӣ манъ кардааст.
Карантинный центр в Коммунарке во время пандемии коронавируса COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
СҶБ дар воҳима: "омикрон" метавонад боиси марги оммавӣ гардад
Ин тасмим дар робита ба паҳншавии навъи нави коронавируси "омикрон" дар саросари ҷаҳон, ки дар Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд, гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар пайи як ҷаласаи изтирорӣ навъи нави коронавирусро мояи нигаронӣ арзёбӣ кард.
Қаблан даҳҳо ҷумҳурӣ бо кишварҳои Африқо робитаашонро маҳдуд карда, иддае комилан марзҳояшонро ба рӯи шаҳрвандон ин кишварҳо баста буданд.
Аз 28 ноябр Русия низ вуруди шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар қаламрави ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд, манъ кард.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи нави коронавируси "омикрон" дар Тоҷикистон низ истисно намешавад.
Лентаи хабарҳо
0