https://sputnik.tj/20211201/taloshi-maqomot-peshgiri-koronavirus-vaksina-1043866517.html
Талоши мақомот барои пешгирӣ аз тавсеаи коронавирус: Ваксина гиред!
Талоши мақомот барои пешгирӣ аз тавсеаи коронавирус: Ваксина гиред!
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи корӣ барои пурзӯр намуани шарҳи тафсири манфиати ваксинагирӣ миёни аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд равон шуданд
2021-12-01T15:35+0500
2021-12-01T15:35+0500
2021-12-01T17:53+0500
дар тоҷикистон
суғд
таблиғ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043866415_0:0:720:406_1920x0_80_0_0_bbaf9ae955748c07469deef122f77770.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гурӯҳи корӣ иборат аз масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вилояти Суғд рафт, то сокинонро ба гирифтани ваксина бар зидди ҷалб КОВИД- 19 ҷалб намояд.Таъкид шудааст, ки ин гурӯҳи кориро Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.Қабл аз сафари гурӯҳи корӣ Дилноза Аҳмадзода бо муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Деваштич, Конибодом, Мастчоҳ, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва дигар шахсони масъул ҷаласаҳои корӣ анҷом дод.Зимни ҷаласаи корӣ роҳбари гурӯҳи корӣ вобаста ба ҳадафи фаъолияти он маълумот пешниҳод карда, нақшаи намунавии фаъолиятро миёни роҳбарони зергурӯҳҳо ва дигар масъулин муаррифӣ намуд.Аъзои гурӯҳи корӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, миёни аҳли зиё ва аҳли шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамену Деваштич ҷаласа баргузор карданд.Қайд карда шудааст, ки аз натиҷаи ин мулоқотҳо нақшаи пурзӯр намудани фаъолият дар ҷиҳати ваксинагирии аҳолӣ тасдиқ гардида, давоми ҳафта аз супоришҳои он натиҷагирӣ мешаванд.Иттилоъ дода шудааст, ки баргузории чунин иқдомот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то чоруми декабри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20211126/rudaki-koronavirus-emin-video-1043789526.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043866415_0:0:720:540_1920x0_80_0_0_0ea827cba2d6dd246992d5cd9a497d37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, ваксина, гурӯҳи корӣ, таблиғ, суғд
тоҷикистон, мақомот, ваксина, гурӯҳи корӣ, таблиғ, суғд
Талоши мақомот барои пешгирӣ аз тавсеаи коронавирус: Ваксина гиред!
15:35 01.12.2021 (Навсозишуда: 17:53 01.12.2021) Гурӯҳи корие ба хотири шарҳу тафсири манфиати ваксинагирӣ дар миёни аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар кард
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гурӯҳи корӣ иборат аз масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вилояти Суғд рафт, то сокинонро ба гирифтани ваксина бар зидди ҷалб КОВИД- 19 ҷалб намояд.
Таъкид шудааст, ки ин гурӯҳи кориро Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.
Қабл аз сафари гурӯҳи корӣ Дилноза Аҳмадзода бо муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Деваштич, Конибодом, Мастчоҳ, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва дигар шахсони масъул ҷаласаҳои корӣ анҷом дод.
Зимни ҷаласаи корӣ роҳбари гурӯҳи корӣ вобаста ба ҳадафи фаъолияти он маълумот пешниҳод карда, нақшаи намунавии фаъолиятро миёни роҳбарони зергурӯҳҳо ва дигар масъулин муаррифӣ намуд.
Аъзои гурӯҳи корӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, миёни аҳли зиё ва аҳли шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамену Деваштич ҷаласа баргузор карданд.
Қайд карда шудааст, ки аз натиҷаи ин мулоқотҳо нақшаи пурзӯр намудани фаъолият дар ҷиҳати ваксинагирии аҳолӣ тасдиқ гардида, давоми ҳафта аз супоришҳои он натиҷагирӣ мешаванд.
Иттилоъ дода шудааст, ки баргузории чунин иқдомот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то чоруми декабри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.