https://sputnik.tj/20211201/rasonaho-tolibon-posgohi-marzii-eronro-tahti-nazorat-1043878683.html
Расонаҳо: Толибон ду посгоҳи марзии Эронро гирифтанд, аммо Теҳрон рад мекунад
Расонаҳо: Толибон ду посгоҳи марзии Эронро гирифтанд, аммо Теҳрон рад мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Толибон ду гузаргоҳи марзиии Эрон “Дӯстмуҳаммад” ва “Болои Сиёҳчашмон”-ро таҳти контроли худ гирифтанд
2021-12-01T20:19+0500
2021-12-01T20:19+0500
2021-12-02T11:52+0500
афғонистон
толибон
эрон
даргирӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042135723_0:0:3105:1748_1920x0_80_0_0_f4c2edb7e44062aafc75bb827a304d08.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Тибқи иттилои “Aamaj News”, даргириҳо дар марзи Эрону Афғонистон шиддат гирифтаанд.Гуфта мешавад, ҳамлагарон ба хоки Эрон нерӯҳои толибон мебошанд. Ин гурӯҳ ба минтақаи Канги вилояти Нимрӯз, дар марзи Эрон худравҳои зиреҳпӯши “Ҳамви” интиқол додааст.Таъкид шудааст, мардуми маҳаллӣ ҷои даргириро тарк кардаанд.Таъкид мешавад, ки даргирӣ дар ҳоли ҳозир ҷараён дорад. То кунун толибон ва мақомоти Эрон дар ин хусус изҳори назар накардаанд.Ин ҳама аҷиб аст ва суолҳои зиёдеро ба миён меорад, зеро “Aamaj News” ягона расонаест, ки дар ин бора хабар додааст. Аммо қаблан пахши хабарҳои дурӯғ дар ин расона мушоҳида нашуда буд.“Aamaj News” бар такия ба манобеи худ менависад, ки ба дунболи шиддати даргирии миёни толибон ва марзбонони эронӣ посгоҳҳои “Дӯстмуҳаммад” ва “Болои сиёҳчашмон”, ҳаммарз бо вулусволии Канги вилояти Нимрӯз ба тассаруфи нерӯҳои толибон даромадаанд.Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин наворе ҳам аз минтақаи даргирӣ нашр шудааст.Тибқи иттилои "Tasnim", даргириҳо дар наздикии шаҳри бузурги Зобул сурат гирифтаанд. Даргириҳо аз сӯйитафоҳуми ду ҷониб сар задаанд. "Чансад метр дуртар аз хатти марз, дар ҳудуди Эрон девори ҳимоятие барои пешгирӣ аз амали қочоқбарон қомат афрохтааст. Имрӯз кишоварзони эронӣ аз он тарафи девор гузашта, дар ҳоле ки дар марзи Эрон буданд, толибон фикр карданд, ки марзшиканӣ шудааст ва болои онҳо шилик намуданд. Дар чунин ҳол марзбонони эронӣ низ посух доданд", - менависад "Tasnim". Дар ҳоли ҳозир задухӯрд хотима ёфтааст. Тарафҳо дар тамосанд ва ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин "Tasnim" хабар додааст, ки ҳич посгоҳи эроние ғасб нашудааст. Пештар Вазорати умури дохилии ҳукумати толибон гуфта буд, ба зудӣ нерӯҳои вижаи худро ба марзҳои Афғонистон интиқол медиҳад.
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042135723_382:0:2990:1956_1920x0_80_0_0_5aca67d9e3bab753df000bcbe9a155d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, толибон, гузаргоҳ, даргирӣ, назорат, посгоҳ, расонаҳо
эрон, толибон, гузаргоҳ, даргирӣ, назорат, посгоҳ, расонаҳо
Расонаҳо: Толибон ду посгоҳи марзии Эронро гирифтанд, аммо Теҳрон рад мекунад
20:19 01.12.2021 (Навсозишуда: 11:52 02.12.2021) Толибон ду гузаргоҳи марзиии Эрон, “Дӯстмуҳаммад” ва “Болои Сиёҳчашмон”-ро таҳти контроли худ гирифтанд
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Тибқи иттилои “Aamaj News”, даргириҳо дар марзи Эрону Афғонистон шиддат гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ҳамлагарон ба хоки Эрон нерӯҳои толибон мебошанд. Ин гурӯҳ ба минтақаи Канги вилояти Нимрӯз, дар марзи Эрон худравҳои зиреҳпӯши “Ҳамви” интиқол додааст.
Таъкид шудааст, мардуми маҳаллӣ ҷои даргириро тарк кардаанд.
Таъкид мешавад, ки даргирӣ дар ҳоли ҳозир ҷараён дорад. То кунун толибон ва мақомоти Эрон дар ин хусус изҳори назар накардаанд.
Ин ҳама аҷиб аст ва суолҳои зиёдеро ба миён меорад, зеро “Aamaj News” ягона расонаест, ки дар ин бора хабар додааст. Аммо қаблан пахши хабарҳои дурӯғ дар ин расона мушоҳида нашуда буд.
“Aamaj News” бар такия ба манобеи худ менависад, ки ба дунболи шиддати даргирии миёни толибон ва марзбонони эронӣ посгоҳҳои “Дӯстмуҳаммад” ва “Болои сиёҳчашмон”, ҳаммарз бо вулусволии Канги вилояти Нимрӯз ба тассаруфи нерӯҳои толибон даромадаанд.
Дар ҳамин ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин наворе ҳам аз минтақаи даргирӣ нашр шудааст.
Тибқи иттилои "Tasnim", даргириҳо дар наздикии шаҳри бузурги Зобул сурат гирифтаанд. Даргириҳо аз сӯйитафоҳуми ду ҷониб сар задаанд.
"Чансад метр дуртар аз хатти марз, дар ҳудуди Эрон девори ҳимоятие барои пешгирӣ аз амали қочоқбарон қомат афрохтааст. Имрӯз кишоварзони эронӣ аз он тарафи девор гузашта, дар ҳоле ки дар марзи Эрон буданд, толибон фикр карданд, ки марзшиканӣ шудааст ва болои онҳо шилик намуданд. Дар чунин ҳол марзбонони эронӣ низ посух доданд", - менависад "Tasnim".
Дар ҳоли ҳозир задухӯрд хотима ёфтааст. Тарафҳо дар тамосанд ва ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин "Tasnim" хабар додааст, ки ҳич посгоҳи эроние ғасб нашудааст.
Пештар Вазорати умури дохилии ҳукумати толибон гуфта буд, ба зудӣ нерӯҳои вижаи худро ба марзҳои Афғонистон интиқол медиҳад.