Путин гуфт, шабҳои бехобӣ дар бораи чӣ фикр мекунад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в пленарном заседании форума "Российская энергетическая неделя"
Президент РФ В. Путин принял участие в пленарном заседании форума Российская энергетическая неделя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Обуна шудан
Кишвардор аз мушкилоти демографии Русия, ки дар таърихи кишвар ду маротиба такрор шудааст, нигарон аст
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Масъалаи демографӣ дар даҳ соли оянда барои Русия мушкилоти асосӣ хоҳад шуд. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт.
"Ҳамкорамон аз Қатар, ки тоза суол кард, пурсид, ки аз чӣ чиз шабҳо хобам намебарад. <...> Мо мушкилоти дохилӣ дорем ва ин пеш аз ҳама ба мушкилоти демографӣ марбут аст", - гуфт сарвари давлат.
Дар рафти суханронй дар ВТБ Капитал "Русия даъват мекунад!" Путин ёдовар шуд, ки дар таърихи давлат ду таназзули бузурги демографӣ рух додааст.
Якум дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанй ва дуюм баъди пошхӯрии ИҶШС ба амал омад.
Ба гуфти раисиҷумҳури Русия, соли 1999 дар кишвар мизони таваллуд аз ҳама камтар буд, яъне ҳамагӣ 1 миллиону 200 ҳазор нафар ба дунё омад.
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба Валдай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
"Ҳақ дорам" - посухи Путин дар бораи ширкаташ дар интихоботи навбатӣ
Путин таъкид кард, ки ин мушкил ба далели набуди теъдоди зарурии қувваҳо дар бозори меҳнат хусусияти системавӣ ва иқтисодӣ касб кардааст.
Афзун бар ин, дар ин чорабинӣ раҳбари Русия нақл кард, ки ҷаҳони идеалии худро чӣ гуна мебинад.
Путин дар бораи орзуи кӯдакии худ гуфт
Ба гуфти ӯ, ин фазоест, ки дар он маҳсулоти гигиении шахсӣ, истихроҷ ва партови маҳсулот ба муҳити зист зарар намерасонад ва ҳавопаймоҳо атмосфераро олуда намекунанд.
Кишвардор инчунин дар бораи пайдоиши штамми коронавируси "омикрон" изҳори назар кард. Вай таъкид намуд, ки бояд ба ҳама гуна тағйирот дар сироят омода шуд ва самаранокии санҷишҳо ва ваксинаҳои COVID-19-ро доимо назорат кард.
Лентаи хабарҳо
0