https://sputnik.tj/20211201/militsiya-qonunshikani-ronanda-1043863779.html
Аз таксӣ то мошинҳои гаронбаҳо: милитсия қонуншикании 15 ронандаро ифшо кард
Аз таксӣ то мошинҳои гаронбаҳо: милитсия қонуншикании 15 ронандаро ифшо кард
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе акси 15 ронандаро бо мошинҳояшон нашр намуд, ки дар нақзи қонун муттаҳам дониста мешаванд
2021-12-01T13:50+0500
2021-12-01T13:50+0500
2021-12-01T20:31+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043033386_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_caa18f451fb00cdfdfdb7fdd992475d7.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. РВУД дар шаҳри Душанбе сомонаи худро бо акси 15 ронанда бо мошинҳои сабукравашон "оро" додааст. Ин ронандаҳо дар нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ муттаҳам дониста мешаванд.Манбаъ меафзояд, дар идомаи амалиёти "гурӯҳҳои мобилӣ" нақзи қоидаи таваққуфи нодурусти мошинҳо аз тарафи 15 ронанда ошкор шудааст. Дар сомонаи ин ниҳод, ки акси ронандаҳо бо мошинҳояшон гузошта шудааст, ки аксарашон худравҳои гаронбаҳое бо "номерҳои крутой" доранд. Дар миёни онҳо ҳамчунин ронандагони чанд мошини таксӣ низ ҳастанд.Зикр гардид, ки ронандаҳо мошинро дар қатори деюм ва сеюми роҳ ё истгоҳҳо, ки аслан барои автобусу троллейбус мебошанд, нигоҳ медоштанд. Маълум нест, ки кормандони милиса ронандагонро дар баробари акс гирифтан ҷазои маъмурӣ ё ҷарима кардаанд ё на.Ин ниҳод аз тамоми ронандагон даъват намудааст, ки мошинҳои худро дар қатори дуюму сеюм ва ҳамчунин истгоҳҳо нагузоранд.Қаблан ҳам раёсати мазкур аксу наворҳо аз қонуншиканиҳои ронандагонро нашр намуда буд, вале ин гуна ҳолатҳо ҳамоно дар ҷодаҳои пойтахт пайваста такрор мешаванд.
https://sputnik.tj/20210512/pulis-sohibon-moshin-krutoy-dushanbero-navor-1039397847.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043033386_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b0620bba2090edc2664329b0b05789c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раёсати вуд душанбе мошинҳо
раёсати вуд душанбе мошинҳо
Аз таксӣ то мошинҳои гаронбаҳо: милитсия қонуншикании 15 ронандаро ифшо кард
13:50 01.12.2021 (Навсозишуда: 20:31 01.12.2021) Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе акси 15 ронандаро бо мошинҳояшон нашр намуд, ки дар нақзи қонун муттаҳам мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. РВУД дар шаҳри Душанбе
сомонаи худро бо акси 15 ронанда бо мошинҳои сабукравашон "оро" додааст. Ин ронандаҳо дар нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ муттаҳам дониста мешаванд.
Манбаъ меафзояд, дар идомаи амалиёти "гурӯҳҳои мобилӣ" нақзи қоидаи таваққуфи нодурусти мошинҳо аз тарафи 15 ронанда ошкор шудааст. Дар сомонаи ин ниҳод, ки акси ронандаҳо бо мошинҳояшон гузошта шудааст, ки аксарашон худравҳои гаронбаҳое бо "номерҳои крутой" доранд.
Дар миёни онҳо ҳамчунин ронандагони чанд мошини таксӣ низ ҳастанд.
Зикр гардид, ки ронандаҳо мошинро дар қатори деюм ва сеюми роҳ ё истгоҳҳо, ки аслан барои автобусу троллейбус мебошанд, нигоҳ медоштанд. Маълум нест, ки кормандони милиса ронандагонро дар баробари акс гирифтан ҷазои маъмурӣ ё ҷарима кардаанд ё на.
Ин ниҳод аз тамоми ронандагон даъват намудааст, ки мошинҳои худро дар қатори дуюму сеюм ва ҳамчунин истгоҳҳо нагузоранд.
Қаблан ҳам раёсати мазкур аксу наворҳо аз қонуншиканиҳои ронандагонро нашр намуда буд, вале ин гуна ҳолатҳо ҳамоно дар ҷодаҳои пойтахт пайваста такрор мешаванд.