Раҳмон аз вазъи минтақаҳо гуфт: ӯ дастур дод, ки ҷомеа бо барқ таъмин шавад

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи ҳукумат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Ҷаласаи ҳукумат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъ дар минтақаҳо гуфта, барои таъмини кулли сокинони ҷумҳурӣ бо барқ дастур додааст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи ҳукумат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 супориш додааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласа аз дастурҳои президент зикр шудаст, ки дар зимни сафарҳои кории ӯ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ироа шудаанд.
Таъкид шудааст, ки нақшаи даромади буҷаи давлатӣ ва нақшаи корҳои ободонӣ дар кишвар таъмин гардад.
Эмомали Рахмон принял участие во внеочередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Раҳмон Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2022-ро имзо кард: маблағ ба куҷо меравад
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати кишти тирамоҳӣ, таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварӣ ва захираи кофии маводи хӯрокворӣ ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар дастур додааст. Ин дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир сокинони навоҳии Тоҷикистон аз маҳдудиятҳо дар интиқоли барқ шикоят мекунанд.
Дар ҷаласаи ҳукумат инчунин баъзе аз лоиҳаҳои қонун тасдиқу барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Аъзои ҳукумат дар баробари ин масъалаҳои марбути Барномаи рушди китобхонаи миллӣ барои солҳои 2022-2027, Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Комиссияи назорати содироти ҷумҳурӣ, тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, тартиби танзими давлатии ташаккули захираи ашёи хому таъмини корхонаҳои пардозиши маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0