Қасри пешини Содир Ҷабборов ба фурӯш гузошта шуд - нархаш чанд аст?

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Ширкати давлатии қарзӣ барои гирифтани манзил (ипотека) хонаи дуошёнаи туҳфашуда аз тарафи раисиҷумҳур Содир Ҷабборовро ба музояда гузоштааст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ширкати давлатии ипотека манзили дуошёнаеро, ки ба кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов тааллуқ дошт, ба музоядаи боз гузошт, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

"Маблағе, ки аз фурӯши ин хона ба даст меояд, барои харидани манзили тайёр сарф мешавад. Хона ба иштирокчиёни барномаи "Хонаи ман 2021-2026" дар асоси механизми иҷора бо хариди минбаъда дода мешавад", - омадааст дар хабар.

Ҷабборов хонаи худро 30 сентябр ба ихтиёри Ширкати давлатии ипотека супурд. Ба гуфтаи президент, он ҳанӯз соли 2005 харида шудааст.
Баъдтар, дар солҳои 2010-ум хонавидаи Ҷабборов ба ҷои дигар кӯчид, хона аз ҳамон лаҳза ҳамчун кӯдакистон фаъолият мекард.
Қаср дар Бишкек, дар кӯчаи Худойбергенов, 81а ҷойгир аст. Масоҳати умумии он 390,6 метри мураббаъ, майдони қитъаи замин 852 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Қасри дигари Путин: шӯхии президенти Русия дар бораи амволаш
Ширкати давлатии ипотека қайд кард, ки хона дар ҳолати хуб қарор дорад.
Нархи ибтидоӣ 33 700 000 (сию се миллиону ҳафтсад ҳазор) сом ё тибқи қурби имрӯзаи доллар тақрибан 396 470 доллар аст.
Музоядаи оммавӣ 24 декабр соати 11:00 баргузор мешавад. Ҷои баргузории музояда – Бишкек, кӯчаи Токтогул, 228.
Барои ширкат дар музояда 350 000 сом ҳаҷми кафолатӣ пардохт карда, ариза пешниҳод кардан лозим аст.
Лентаи хабарҳо
0