https://sputnik.tj/20211130/muloqot-rasulzoda-overchuk-1043842788.html
Аз маориф то ҷалби сармоя: мулоқоти Расулзода бо Оверчук
Аз маориф то ҷалби сармоя: мулоқоти Расулзода бо Оверчук
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистону Русия ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, маориф ва илм, иқтисодиёти рақамӣ, бонкдорӣ, гумрук, кишоварзӣ ва савдои хориҷӣ рушд медиҳанд
2021-11-30T13:15+0500
2021-11-30T13:15+0500
2021-11-30T18:49+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102709/17/1027091727_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_766e152ba8907953d4154978ccb8101e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Дар ин дидор ҷонибҳо вазъи ҷойдоштаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Русия ва дурнамои онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.Расулзода таъкид кардааст, ки Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Манбаъ афзуда, ки дар вохӯрӣ вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла комплекси энергетикӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, иқтисодиёти рақамӣ ба нафъи давлатҳо баҳогузорӣ шудааст.Ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши бонкдорӣ, гумрук, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардидааст.Ёдовар мешавем, ки як ҳайати Русия бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Онро Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия раҳбарӣ мекунад. Дар ҷараёни сафар намояндагони Русия бо рафти сохтмони мактабҳо шинос шуда, як қатор гуфтушунидҳо низ баргузор хоҳанд кард.Интизор меравад, ҳамаи панҷ мактабе, ки Русия сохта истодааст, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд.Маълум шуд, ки Русия барои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо кардаастМакотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд сохта мешаванд. Макотиби навсохт имкони фарогирии 1200 хонандаро дар як вақт доранд.
https://sputnik.tj/20211130/rusiya-maktabho-rusi-tojikistonro-omuzgor-1043841671.html
https://sputnik.tj/20211130/rusiya-tojikiston-sozishnoma-maorif-1043840437.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102709/17/1027091727_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_28164590152d8f9c0c317f23ddcc93a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, расулзода, оверчук, русия, тоҷикистон
мулоқот, расулзода, оверчук, русия, тоҷикистон
Аз маориф то ҷалби сармоя: мулоқоти Расулзода бо Оверчук
13:15 30.11.2021 (Навсозишуда: 18:49 30.11.2021) Ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, маориф ва илм, иқтисодиёти рақамӣ, бонкдорӣ, гумрук, кишоварзӣ ва тиҷорати хориҷӣ рушд медиҳанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Дар ин дидор ҷонибҳо вазъи ҷойдоштаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Русия ва дурнамои онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.
Расулзода таъкид кардааст, ки Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
"Дар доираи сиёсати дурбинонаи президенти Тоҷикистон ва кишвардори Русия Владимир Путин ҳамасола бо татбиқи барномаву стратегияҳои дуҷониба ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим рушд меёбад", - гуфт ӯ.
Манбаъ афзуда, ки дар вохӯрӣ вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла комплекси энергетикӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, иқтисодиёти рақамӣ ба нафъи давлатҳо баҳогузорӣ шудааст.
Ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши бонкдорӣ, гумрук, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки як ҳайати Русия бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Онро Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия раҳбарӣ мекунад.
Дар ҷараёни сафар намояндагони Русия бо рафти сохтмони мактабҳо шинос шуда, як қатор гуфтушунидҳо низ баргузор хоҳанд кард.
Интизор меравад, ҳамаи панҷ мактабе, ки Русия сохта истодааст, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд.
Макотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд сохта мешаванд. Макотиби навсохт имкони фарогирии 1200 хонандаро дар як вақт доранд.