https://sputnik.tj/20211130/hayat-maqomdoron-sohibkoron-mogilyov-sughd-1043846804.html
Ҳайати мақомдорону соҳибкорони Могилёв ба Суғд меоянд
Ҳайати мақомдорону соҳибкорони Могилёв ба Суғд меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайате аз вилояти Могилёви ҷумҳурии Беларус барои густариши ҳамкорӣ ба вилояти Суғди Тоҷикистон меоянд 30.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-30T15:25+0500
2021-11-30T15:25+0500
2021-11-30T19:18+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
ҳамкорӣ
белорус
тоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_d91ed2c1d8e02ab2d566f346aafbe363.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сафари ҳайат аз Могилёв ба вилояти Суғд дар рӯзҳои 2-4 декабри соли равон сурат мегирад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, ҳайати беларусиро муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар роҳбарӣ мекунад. Интизор меравад, ки меҳмонон бо раиси Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намоянду бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконоту зарфиятҳои он шинос шаванд. Инчунин вохӯрии дуҷонибаи доираҳои соҳибкории вилоятҳо ба нақша гирифта шудааст.Ҳайат аз вилояти Могилёв инчунин бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров ва минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" шинос мегарданд. Ҳадафи ин боздидҳо густариши робитаҳо гуфта мешавад. Дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд зикр намуд, ки сафари ҳайати беларусӣ ҷавобӣ мебошад. Аввали моҳи ноябр ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Аҳмадзода ба Беларус, аз ҷумла вилояти Могилёв сафар карда буд. Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо хостори ба сатҳи нав баровардани робитаҳои гуногунҷанбаи ду вилоят шуда, омодагии худро барои ҷалби сармояи муштарак ва ташкили корхонаҳои нав баён доштаанд.
https://sputnik.tj/20211128/rahmon-laghvi-mahdudiyatho-marbuti-koronavirus-tijorat-1043813563.html
суғд
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_68:0:968:675_1920x0_80_0_0_d9705c7bb26d069f05b2f3cc3677b0b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, суғд, ҳамкорӣ, белорус, тоҷир
дар тоҷикистон, иқтисод, суғд, ҳамкорӣ, белорус, тоҷир
Ҳайати мақомдорону соҳибкорони Могилёв ба Суғд меоянд
15:25 30.11.2021 (Навсозишуда: 19:18 30.11.2021) Ҳайате аз вилояти Могилёви ҷумҳурии Беларус барои густариши ҳамкорӣ ба вилояти Суғди Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сафари ҳайат аз Могилёв ба вилояти Суғд дар рӯзҳои 2-4 декабри соли равон сурат мегирад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, ҳайати беларусиро муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар роҳбарӣ мекунад.
Интизор меравад, ки меҳмонон бо раиси Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намоянду бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконоту зарфиятҳои он шинос шаванд. Инчунин вохӯрии дуҷонибаи доираҳои соҳибкории вилоятҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ҳайат аз вилояти Могилёв инчунин бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров ва минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" шинос мегарданд. Ҳадафи ин боздидҳо густариши робитаҳо гуфта мешавад.
Дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд зикр намуд, ки сафари ҳайати беларусӣ ҷавобӣ мебошад.
Аввали моҳи ноябр ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Аҳмадзода ба Беларус, аз ҷумла вилояти Могилёв сафар карда буд.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо хостори ба сатҳи нав баровардани робитаҳои гуногунҷанбаи ду вилоят шуда, омодагии худро барои ҷалби сармояи муштарак ва ташкили корхонаҳои нав баён доштаанд.