Абдулғанӣ Бародар аз фароҳам шудани шароити ҳамкорӣ бо Тошканд гуфт

© Sputnik / Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкДелегация талибов
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Толибҳо изҳор доштаанд, ки шароити ҳамкорӣ бо мақомоти Ӯзбекистон дар тарҳҳои минтақаию транзитиро фароҳам кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Адулғанӣ Бародар, ноиби аввали раиси ҳукумати толибҳо бо Исматуллоҳ Иргашев, намояндаи махсуси Ӯзбекистон дар умури Афғонистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ноиби авввали сарвазир якҷоя бо вазирони ҳукумати нав дар Афғонистон ба Иргашев аз фароҳам шудани шароити ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз қабили тиҷорат, иқтисод, энержӣ ва ғайра гуфтаанд, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ афзуд, Адусалом Ҳанафӣ, ноиби ӯзбектабори раиси ҳукумати толибҳо дар ин мулоқот таъйид намудааст, ки онҳо тамоми шароитро барои тоҷирону сармоягузорон фароҳам овардаанд. Ҳанафӣ инчунин аз иқдоми Тошканд дар мавриди бозсозии ҷойҳои фарҳангии муҳими кишвар ва дастгирии забони ӯзбекӣ истиқбол намудааст.
Бывший глава провинции Бадахшана, командующий в Минобороны Афганистана Мавлави Амонуддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
"Безарар шуд": Толибҳо ба бадахшии "хатарнок" мақоми баландтар доданд
Дар баробари ин зикр гардидааст, ширкати ҳавоии афғонистонии "KamAir" нақша дорад, ки ба зудӣ парвозҳои миёни Кобулу Тошкандро роҳандозӣ мекунад, ки ҳафте ду бор анҷом мешаванд.
Қаблан низ Тошканду Кобул аз бархе тавофуқот дар масъалаҳои иқтисодӣ ба мувофиқа расида буданд. Татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони хатти барқии Сурхон - Пулихумрӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар аз масоили мувофиқашудаи ҷонибҳо арзёбӣ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0