Таъйиноти нав дар додситонии ҳамлу нақл: Дилшод Салимзода вазифаи нав гирифт

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПогоны у сотрудника Таможенной службы
Погоны у сотрудника Таможенной службы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Обуна шудан
Дилшод Салимзода тайи як фармон муовини додситони ҳамлу нақли Тоҷикистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Ӯ дар гузашта додситони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Исфара буд.
Як манбаъ дар Додситонии нақлиёти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фармони Дилшод Салимзода аз сӯйи додситони кулли Тоҷикистон ба имзо расидааст.
“Мавсуф ҳоло муовини прокурори нақлиёти Тоҷикистон буда, чанд рӯз аст, ки ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ кардааст”, – гуфт манбаъ.
Дилшод Салимзода соли 1975 дар ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) таваллуд ёфта, се маълумоти олӣ дорад - хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва Академияи хидмати давлатии назди президенти Русия мебошад.
Вай аз соли 1999 дар вазифаҳои гуногуни ниҳодҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия, аз ҷумла сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд кор карда, аз соли 2011 ба фаъолият дар додситонӣ пардохтааст.
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Таъйиноти кадрӣ: хоҳарзодаи Қоҳир Расулзода мансаби нав гирифт
Дар ин миён ӯ муовини сардори Раёсати умумӣ, сардори шуъба, сардори шуъбаи амнияти дохилии Додситонии кулли Тоҷикистон буд.
Баъдтар ӯ дар вазифаҳои додситони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0