https://sputnik.tj/20211129/sechin-mutaqid-koronavirus-pasi-sar-1043822406.html
Сечин муътақид аст, ки коронавирус паси сар хоҳад шуд
Сечин муътақид аст, ки коронавирус паси сар хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Игор Сечин, роҳбари "Роснефт" бовар дорад, ки инсоният бемории коронавирусро паси сар хоҳад кард 29.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-29T13:15+0500
2021-11-29T13:15+0500
2021-11-29T18:41+0500
чин
тандурустӣ
игор сечин
вируси нав
дар русия
коронавирус
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042966289_0:66:3073:1794_1920x0_80_0_0_2347aa873b2994ecdccd322aa632b8ae.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Пандемияи COVID-19 сарфи назар аз мавҷҳои ҷадидаш паси сар хоҳад монд, навиштааст РИА "Новости" аз қавли Игор Сечин. "Ман бовар дорам, новобаста аз мавҷҳои ҷадид башарият пандемияро паси сар мекунад ва Чин яке аз намунаҳои хуб аст", - таъкид кард ӯ зимни суханронияш дар ҳамоиши энергетикии Русия ва Чин. Ба гуфтаи Сечин, дар Чин тамоми захоир фавран ба мубориза бо коронавирус бахшида шуда, маҳдудиятҳои қарантинӣ сари вақт роҳандозӣ гардиданд, ҳукумат ба бахшҳои иқтисоду аҳолӣ кумак кард. "Дар натиҷа иқтисоди Чин моҳҳои январ - сентябри соли 2021 рушди хуб нишон дода, дар сатҳи 9,8-дарсадӣ қарор гирифт", - илова кард ӯ. Ин дар ҳолест, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз штамми нави коронавирус - "омикрон" хабар дод. Созмон бо такя ба маълумоти пешакӣ хабар дод, ки афроди қаблан гирифторшуда ба COVID-19 низ метавонанд ба штамми нави "омикрон" олуда шаванд."Ҳанӯз маълум нест, ки ин навъ аз инсон ба инсон нисбат ба дигар штаммҳо, аз ҷумла навъи "делта" осонтар мегузарад ё на. Феълан омӯзиши пурраи навъи мазкур идома дорад", - гуфта мешавад дар изҳороти СҶБ.Манбаъ зикр намуд, ҳоло маълум нест, ки штамми "омикрон" вазъи беморонро шадид мекунад ё на.Дар Африқои Ҷанубӣ, тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, тақрибан сад нафар мубтало ба ин вирус шудаанд. Дар Ҳонконг, Исроил, Австралия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ чанд мавриди гирифторӣ ба он сабт шудааст. Ду ҳолати аввали сироятёбӣ бо штамми "омикрон" дар Канада низ тасдиқ карда шуд.
https://sputnik.tj/20211129/hushdor-sjb-shtamm-omikron-koronavirus-siroyat-1043821218.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042966289_102:0:2833:2048_1920x0_80_0_0_3c56347299b26ce1860cea531734287f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, тандурустӣ, игор сечин, вируси нав, дар русия, коронавирус, бемор
чин, тандурустӣ, игор сечин, вируси нав, дар русия, коронавирус, бемор
Сечин муътақид аст, ки коронавирус паси сар хоҳад шуд
13:15 29.11.2021 (Навсозишуда: 18:41 29.11.2021) Игор Сечин, роҳбари "Роснефт" бовар дорад, ки инсоният бемории коронавирусро паси сар хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Пандемияи COVID-19 сарфи назар аз мавҷҳои ҷадидаш паси сар хоҳад монд, навиштааст РИА "Новости" аз қавли Игор Сечин.
"Ман бовар дорам, новобаста аз мавҷҳои ҷадид башарият пандемияро паси сар мекунад ва Чин яке аз намунаҳои хуб аст", - таъкид кард ӯ зимни суханронияш дар ҳамоиши энергетикии Русия ва Чин.
Ба гуфтаи Сечин, дар Чин тамоми захоир фавран ба мубориза бо коронавирус бахшида шуда, маҳдудиятҳои қарантинӣ сари вақт роҳандозӣ гардиданд, ҳукумат ба бахшҳои иқтисоду аҳолӣ кумак кард.
"Дар натиҷа иқтисоди Чин моҳҳои январ - сентябри соли 2021 рушди хуб нишон дода, дар сатҳи 9,8-дарсадӣ қарор гирифт", - илова кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз штамми нави коронавирус - "омикрон" хабар дод. Созмон бо такя ба маълумоти пешакӣ хабар дод, ки афроди қаблан гирифторшуда ба COVID-19 низ метавонанд ба штамми нави "омикрон" олуда шаванд.
"Ҳанӯз маълум нест, ки ин навъ аз инсон ба инсон нисбат ба дигар штаммҳо, аз ҷумла навъи "делта" осонтар мегузарад ё на. Феълан омӯзиши пурраи навъи мазкур идома дорад", - гуфта мешавад дар изҳороти СҶБ.
Манбаъ зикр намуд, ҳоло маълум нест, ки штамми "омикрон" вазъи беморонро шадид мекунад ё на.
Дар Африқои Ҷанубӣ, тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, тақрибан сад нафар мубтало ба ин вирус шудаанд. Дар Ҳонконг, Исроил, Австралия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ чанд мавриди гирифторӣ ба он сабт шудааст. Ду ҳолати аввали сироятёбӣ бо штамми "омикрон" дар Канада низ тасдиқ карда шуд.