Навори сабқати Устопириён барои медали тило дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" - видео

Обуна шудан
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2021" барои медали тило сабқат кард, аммо бахташ омад накард
Комроншоҳ Устопириён дар даври ниҳоӣ дар вазни то 90 кило бо Мансур Лорсанов, намояндаи Русия зӯрозмоӣ кард. Медали тило насиби Лорсанов ва нуқраро Устопириён соҳиб шуд.
Ҷудокори тоҷик то даври ниҳоӣ бар Ҷамол Петргрейв аз Бритониёи Кабир, Ҷон Ҷейнол аз ИМА ва Эрлан Шеров аз Қирғизистон пирӯз гардид.
Дар ин вазн медали биринҷӣ насиби намояндаи Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҷидов шуд. Маҷидов дар зӯрозмоӣ барои медали биринҷӣ бо паҳлавони қирғиз Эрлан Шеров вориди майдон шуда, пирӯз берун омад. Дар вазни то 90 кило ду паҳлавони тоҷик ба минбари ҷоизадорон баромаданд.
Инчунин Темур Раҳимов барои медали биринҷӣ бо паҳлавони Русия зӯрозмоӣ карда, пирӯз гашт. Бо ҳамин ҷудокорони Тоҷикистон аз "Abu Dhabi Grand Slam 2021" бо се медал - ду биринҷӣ ва як нуқра бармегарданд.
Лентаи хабарҳо
0