Барфу борону тормеғ мешавад: дамои ҳавои Тоҷикистон

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон абрнок шуда, боридани борону барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.
Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар ғарби ин вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук , рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро тағйирёбанда врзёбь карда гуфтааст, ки дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориш ба амал меояд ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Барфи аввали фасонавӣ дар Душанбе - гузориши тасвирӣ
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳида борон борида, тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбанда, аммо бебориш шуда, шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0