Солрӯзи Кароматуллои Қурбон: 29 ноябр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 29 ноября
День 29 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Обуна шудан
Аз марги овозхони зиндаёд, Кароматуллои Қурбон ҳамакнун расо 29 сол сипарӣ мешавад. Ҳамасола фарзандони ӯ ба хотири рӯҳи падарашон барномаи консертӣ баргузор мекунанд

Муҳимтарин рӯйдодҳои 29 ноябр дар ҷаҳон

Соли 1899 клуби футболи "Барселона" созмон дода шуд.
Соли 1942 дар Амрико барои фурӯш ва истеъмоли қаҳва меъёр муқаррар гардид.
© PixabayДевушка пьет кофе
Девушка пьет кофе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Девушка пьет кофе
Соли 1990 Шӯрои амнияти СММ дар ҳолати озод накардани Кувейт истифодаи силоҳро бар зидди Ироқ зарур шуморид.

Муҳимтарин рӯйдодҳои 29 ноябр дар Тоҷикистон

Соли 2008 дар Қатар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кумаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
Соли 2008 дар Давлати Қатар баҳри ба роҳ мондани ҳамкории судманд миёни телевизиони иттилоотии Тоҷикистон "Ҷаҳоннамо" ва телевизиони овозадори "Ал-ҷазира"-и ин кишвар мувофиқаҳо ҳосил шуданд.
День 28 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Зодрӯзи Дилбар Қосимова ва Умед Бобохонов: рӯйдодҳои муҳим
Соли 2009 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд хатти 500-киловолтаи "Ҷануб – Шимол" ва се хатти 220-киловолта ба истифода дода шуд.
Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Фаронса сафар кард.
Соли 2016 хонандаи тоҷик соҳиби шоҳҷоизаи 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин гардид.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 ноябр

Дар Албания – Рӯзи озодкунӣ аз фашизм.
Дар Вануату — Рӯзи муттаҳидӣ.
Дар Югославия – Рӯзи ҷумҳурӣ.

Рӯзи 29-уми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1936 года – ҳунарманди синамо ва хидматнишондодаи Тоҷикистон Дилбар Қосимова.
Солҳои (1961-1992) – Овозхони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Қурбон.
© Фото : Youtube / Исматилло РахмоновПевец Кароматулло Курбонов, архивное фото
Певец Кароматулло Курбонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Певец Кароматулло Курбонов, архивное фото
Соли 1962 – рӯзноманигор, муассиси Медиа группа "Азия Плюс" Умед Бобохонов.
Лентаи хабарҳо
0