https://sputnik.tj/20211128/qirghiziston-intikhobot-parlumon-1043808967.html
Дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ оғоз ёфт
Дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ оғоз ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҳавзаи интихоботии 1053 ба ҷонибдорӣ аз номзади сазовораш раъй дод 28.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-28T11:13+0500
2021-11-28T11:13+0500
2021-11-29T14:42+0500
интихобот
қирғизистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1c/1043807817_0:260:2716:1788_1920x0_80_0_0_61c6ce161713599cb6148c35df0bef86.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар Қирғизистон интихоботи вакилони парлумони ҷумҳурӣ шуруъ шуд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар хабар додааст. Қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 8:00 шурӯъ ба кор намуданд ва шумораи онҳо дар худи Қирғизистон ва беруни аз он наздики 2,5 ҳазор ҳисобида шудааст. Маъракаи интихобот то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад.Гуфта мешавад, кишвардори Қирғизистон Срдир Ҷабборов аллакай дар ҳавзаи 1053 раъй додааст.Ба гуфтаи дабири Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Марат Имонқулов, дар ду рӯзи ахир теъдоди ришвадиҳӣ ба интихобкунандагон афзоиш ёфтааст.Ҳамчунин маъмурони интизомӣ чанд тан аз мансабдоронеро, ки мехостанд аз манобеи маъмурӣ ба нафъи номзадҳои инфиродӣ истифода кунанд, боздошт карданд. Илова бар ин Имонқулов иттилоъ дар бораи боздошти ҷинояткоронеро, ки дар омодасозии табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон ширкат доштанд, тасдиқ кард.Вакилон аз рӯи низоми омехта интихоб мешаванд: 54 нафар аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ, 36 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ. Дар интихобот 21 ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин ҳудуди 300 номзаде, ки дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ширкат доштанд, рақобат мекунанд. Барои 90 курсӣ дар органи олии қонунгузор ҳамагӣ 1,3 ҳазор кас ариза додааст.Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонии тирамоҳи соли 2020 ба далели нақзи қонунгузории интихобот беэътибор дониста шуд. Ҷамъбасти натиҷаҳои онҳо бо эътирозҳои оммавӣ, тағъйир ёфтани президент ва ҳукумат дар ҷумҳурӣ анҷом ёфт.
https://sputnik.tj/20211127/jabborov-tahdidho-amniyati-milli-1043797753.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1c/1043807817_0:5:2716:2042_1920x0_80_0_0_596b83f2a0daa09b457d67a6320eb845.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интихобот, қирғизистон, осиёи марказӣ
интихобот, қирғизистон, осиёи марказӣ
Дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ оғоз ёфт
11:13 28.11.2021 (Навсозишуда: 14:42 29.11.2021) Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҳавзаи интихоботии 1053 ба ҷонибдорӣ аз номзади сазовораш раъй дод
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар Қирғизистон интихоботи вакилони парлумони ҷумҳурӣ шуруъ шуд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар хабар додааст.
Қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 8:00 шурӯъ ба кор намуданд ва шумораи онҳо дар худи Қирғизистон ва беруни аз он наздики 2,5 ҳазор ҳисобида шудааст. Маъракаи интихобот то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад.
Гуфта мешавад, кишвардори Қирғизистон Срдир Ҷабборов аллакай дар ҳавзаи 1053 раъй додааст.
Ба гуфтаи дабири Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Марат Имонқулов, дар ду рӯзи ахир теъдоди ришвадиҳӣ ба интихобкунандагон афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин маъмурони интизомӣ чанд тан аз мансабдоронеро, ки мехостанд аз манобеи маъмурӣ ба нафъи номзадҳои инфиродӣ истифода кунанд, боздошт карданд. Илова бар ин Имонқулов иттилоъ дар бораи боздошти ҷинояткоронеро, ки дар омодасозии табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон ширкат доштанд, тасдиқ кард.
Вакилон аз рӯи низоми омехта интихоб мешаванд: 54 нафар аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ, 36 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ. Дар интихобот 21 ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин ҳудуди 300 номзаде, ки дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ширкат доштанд, рақобат мекунанд. Барои 90 курсӣ дар органи олии қонунгузор ҳамагӣ 1,3 ҳазор кас ариза додааст.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонии тирамоҳи соли 2020 ба далели нақзи қонунгузории интихобот беэътибор дониста шуд. Ҷамъбасти натиҷаҳои онҳо бо эътирозҳои оммавӣ, тағъйир ёфтани президент ва ҳукумат дар ҷумҳурӣ анҷом ёфт.