Сохтмони панҷ корхонаи саноатӣ дар Кӯлоб

© Sputnik / Амир ИсаевВорота на въезде в Куляб
Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Обуна шудан
Мақомоти Кӯлоб аз бунёди панҷ корхонаи нав дар шаҳр хабар дода афзуданд, ки дар маҷмуъ, тибқи нақша, бунёди нуҳ корхона дар назар аст
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Шаҳрдории Кӯлоб хабар додааст, ки то ҳол панҷ корхонаи нав, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, макаронбарорӣ, обҳои ташнагишикан, дӯзандагӣ ва коркарди сангу шағал ба истифода дода шудаанд.
Абдуразоқ Хуҷамқулов, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" аз фаъолсозии филиали корхонаи "Ваҳдат-текстайл" хабар додааст, ки тавоноии он дар як сол тавлиди зиёда аз 34 миллион ҷуфт ҷӯробро дар бар мегирад. Теъдоди коргарони ин корхона 300 нафарро ташкил медиҳад.
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Соҳибкорони тоҷик дар Сурхандарёи Ӯзбекистон 25 корхона бунёд кардаанд
Гуфта мешавад, дар нуҳ моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 201,1 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 34,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба иттилои мақомоти Кӯлоб, аз 47 корхонаи саноатии шаҳр 28 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намудаанд.

"Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли орд 103,7%, нон ва маҳсулоти нонӣ 106,5%, макарон 2,5 баробар, регу сангмайда 110,7%, хишти сементӣ 103,1%, ресмони пахтагин 136,9% ва бетони сохтмонӣ 130,6% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид", - омадааст дар иттилоия.

Дар мавриди дӯхти либосҳои мактабӣ зикр шудааст, ки корхонаи "Сино-2013" бо муассисаҳои таълимӣ барои дӯхтани либосҳо шартнома имзо карда, 74,6 ҳазор ҷуфт либос омода намуд.
Мақомот илова намуданд, ки барои афзоиши тавлидот ва ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бо моликони корхонаҳо мулоқот анҷом дода, барои ислоҳи вазъ чораандешӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0