https://sputnik.tj/20211127/muloqot-putin-aliev-pashinyan-1043794536.html
Марз тақсим мешавад: мулоқоти Путин бо Алиев ва Пашинян бо чӣ анҷом ёфт - видео
Марз тақсим мешавад: мулоқоти Путин бо Алиев ва Пашинян бо чӣ анҷом ёфт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз ин музокирот Озарбойҷон ва Арманистон омодагии худро барои шурӯи аломатгузории марз изҳор карданд 27.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-27T11:17+0500
2021-11-27T11:17+0500
2021-11-29T11:33+0500
видео
сиёсат
владимир путин
арманистон
илҳом алиев
озарбойҷон
никол пашинян
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043792051_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_39951629361d78b2853f0e88af8f0b88.jpg
Президенти Русия Владимир Путин бо Илҳом Алиев - раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот кард. Музокирот дар Сочи баргузор шуд. Қабл аз нишасти сеҷониба сарвари давлат бо Алиев шахсан суҳбат кард. Дар суханронии ифтитоҳӣ Путин аз яке аз вазифаҳои асосии музокирот – ҳалли ихтилофоти навбатӣ дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон ёдовар шуд. Президенти Русия дар бораи натиҷаҳои мусбате, ки аз соли гузашта дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба даст омад, сухан ронд. Пас аз задухӯрди мусаллаҳона гурезагон ба он ҷо баргаштанд, бо шарофати нерӯҳои посдори сулҳи Русия зерсохтҳо барқарор ва дигар шароити зиндагӣ беҳтар гардид. Дар солгарди оташбаси Қарабоғ Путин бо Пашинян ва Алиев мулоқот мекунадРиояи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда аз ҷониби кормандони Маркази назорати оташбаси Русияву Туркия назорат мешавад.“Ҳадаф аз талошҳои мо фароҳам овардани шароит барои эҳёи минтақа аст, то мардум дар он ҷо худро бехатар эҳсос кунанд ва ба таври муқаррарӣ ба фаъолияти рӯзмарра машғул шаванд, иқтисодро инкишоф диҳанд. Ин бояд ба сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҳар ду кишвар таъсири мусбат расонад", - таъкид кард Путин. Пас аз ин дидор Пашинян қайд кард, ки Ереван ва Боку дар мавриди ба эътидол овардани вазъ дар марз ба қарорҳои мушаххас расиданд. Ба гуфти ӯ, Арманистон омодааст, дар манотиқи марзӣ ба таъйини аломатгузорӣ шуруъ кунад. Дар навбати худ Алиев аз тарҳи таъйини марзи миёни ду кишвар хабар дод.
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Путин, Пашинян и Алиев проводят встречу в Сочи
Sputnik Тоҷикистон
В Сочи прошла трехсторонняя встреча Путина, Пашиняна и Алиева
2021-11-27T11:17+0500
true
PT1M58S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043792051_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_b483b232884611cde088bfb6aa80195e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, алиев, пашинян
Марз тақсим мешавад: мулоқоти Путин бо Алиев ва Пашинян бо чӣ анҷом ёфт - видео
11:17 27.11.2021 (Навсозишуда: 11:33 29.11.2021) Пас аз ин музокирот Озарбойҷон ва Арманистон омодагии худро барои шурӯи аломатгузории марз изҳор карданд
Президенти Русия Владимир Путин бо Илҳом Алиев - раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот кард. Музокирот дар Сочи баргузор шуд.
Қабл аз нишасти сеҷониба сарвари давлат бо Алиев шахсан суҳбат кард. Дар суханронии ифтитоҳӣ Путин аз яке аз вазифаҳои асосии музокирот – ҳалли ихтилофоти навбатӣ дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон ёдовар шуд.
Президенти Русия дар бораи натиҷаҳои мусбате, ки аз соли гузашта дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба даст омад, сухан ронд. Пас аз задухӯрди мусаллаҳона гурезагон ба он ҷо баргаштанд, бо шарофати нерӯҳои посдори сулҳи Русия зерсохтҳо барқарор ва дигар шароити зиндагӣ беҳтар гардид.
Риояи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда аз ҷониби кормандони Маркази назорати оташбаси Русияву Туркия назорат мешавад.
“Ҳадаф аз талошҳои мо фароҳам овардани шароит барои эҳёи минтақа аст, то мардум дар он ҷо худро бехатар эҳсос кунанд ва ба таври муқаррарӣ ба фаъолияти рӯзмарра машғул шаванд, иқтисодро инкишоф диҳанд. Ин бояд ба сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҳар ду кишвар таъсири мусбат расонад", - таъкид кард Путин.
Пас аз ин дидор Пашинян қайд кард, ки Ереван ва Боку дар мавриди ба эътидол овардани вазъ дар марз ба қарорҳои мушаххас расиданд. Ба гуфти ӯ, Арманистон омодааст, дар манотиқи марзӣ ба таъйини аломатгузорӣ шуруъ кунад.
Дар навбати худ Алиев аз тарҳи таъйини марзи миёни ду кишвар хабар дод.