Ҷазои мураббӣ ва футболбозони тоҷик барои рафтори ғайриварзишӣ

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешБоковой судья, архивное фото
Боковой судья, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Обуна шудан
Кумитаи интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон теъдоде аз варзишгарону мураббиёнро барои рафтори ношоямашон муҷозот кардааст
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Парвизҷон Ҳомидов, футболбози тими "Душанбе" барои задани ҳариф бо пой дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ аз ҳаққи иштирок дар се бозӣ маҳрум гардида, ба андозаи ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст, хабар дод ФФТ.
Инчунин барои чунин як қоидавайронкунӣ футболбози тими "Истиқлол" низ аз ҳаққи иштирок дар бозӣ маҳрум гардидааст.
Бо қарори дигари Кумитаи интизомии ФФТ, бозигари дастаи "Хуҷанд" Абдулмумин Забиров низ наметавонад дар ду бозӣ иштирок намояд. Айби Забиров истифода аз алфози қабеҳ дар ҳаққи ҳариф арзёбӣ шудааст.
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
"Истиқлол" қаҳрамони даҳкаратаи Тоҷикистон шуд
Барои зӯргӯӣ дар майдон аз ҳаққи иштирок дар бозӣ Фирдавс Икромбеков аз тими "Эсхата" ва Далерҷон Каримов аз дастаи "Хуҷанд" маҳрум гардидаанд.
Дар баробари ин Манучеҳр Носиров аз тими "Сарҳадчӣ" низ барои қоидавайронкунӣ аз ҳаққи иштирок дар се бозӣ маҳрум шуда, уҳдадор аст, ки 250 сомонӣ ҷарима пардохт кунад.
Кумитаи интизомӣ инчунин сармураббии тими "Покиза"-ро низ дар таҳқири сардовари бозӣ айбдор дониста, ҷазо додааст.
Кумитаи интизомии ФФТ риояи қоидаҳои варзиширо дар бахши футбол назорат карда, барои варзишгароне, ки ба рафтори ғайриварзишӣ роҳ медиҳанд, ҷазо таъйин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0