https://sputnik.tj/20211127/emomali-rahmon-vaziron-ishqobod-1043803930.html
Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ вазирон озими Ишқобод шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ вазирон озими Ишқобод шуд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар садри як ҳайати расмии кишвар ба Туркманистон рафт
2021-11-27T19:07+0500
2021-11-27T19:07+0500
2021-11-29T18:30+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
туркманистон
ҳамкорӣ
мулоқот
ашқобод
созмони ҳамкории иқтисодӣ (эко)
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102972/82/1029728219_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_a52c6e9d5d275e119849405f215eac3f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мебошад, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳур. Кишвардори Тоҷикистонро дар ин сафар ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, сардори “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Дар Ишқобод 15-умин баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ рӯзи 28-уми ноябр бо иштироки роҳбарони давлатҳои узв дар назар аст. Созмони Ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.Соли 1992 ҳафт кишвар, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон узви СҲИ шудаанд. Ин рӯз, 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида Рӯзи СҲИ эълон гардид.Ба итилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, кишварҳои узви СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд, ки барои амалисозии он ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд.
https://sputnik.tj/20211127/tojikiston-turkmaniston-hamkori-1043795339.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102972/82/1029728219_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_48e68028924412efef6bb0d533076fed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, туркманистон, ҳайат, расмӣ
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, туркманистон, ҳайат, расмӣ
Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ вазирон озими Ишқобод шуд
19:07 27.11.2021 (Навсозишуда: 18:30 29.11.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар садри як ҳайати расмии кишвар ба Туркманистон рафт
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мебошад, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Кишвардори Тоҷикистонро дар ин сафар ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, сардори “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар Ишқобод 15-умин баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ рӯзи 28-уми ноябр бо иштироки роҳбарони давлатҳои узв дар назар аст.
Созмони Ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Соли 1992 ҳафт кишвар, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон узви СҲИ шудаанд. Ин рӯз, 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида Рӯзи СҲИ эълон гардид.
Ба итилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, кишварҳои узви СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд, ки барои амалисозии он ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд.