Мона Лизаи афғон Ватанашро тарк мекунад - акс

© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузариш ба медиабонкВид на Рим с купола собора св. Петра в Ватикане. Архивное фото
Вид на Рим с купола собора св. Петра в Ватикане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Обуна шудан
Қиссаи зиндагии ин зан, ки аз шуҳрати ҷаҳонияш бехабар буд, бисёр талх аст
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дархости Шарбат Гул барои тарки Афғонистон тавассути созмони ғайридавлатӣ қонеъ карда шуд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо такя ба хадамоти матбуотии Ҳукумати Италия.
Шуҳрати ҷаҳонӣ ба духтари 13-солаи афғон аксаш овард, ки соли 1985 дар муқоваи "National Geographic" нашр шуд. Он замон ин духтаракро бо Мона Лиза муқоиса карданд.
Шарбат Гул зодаи вилояти Нангарҳор буда, муддати тӯлонӣ дар Покистон зиндагӣ мекард.
Қиссаи зиндагии ин зан, ки аз шуҳрати ҷаҳонияш бехабар буд, бисёр талх аст.
Дар Покистон ӯ шавҳару духтарашро аз даст дод, ки дар пайи бемории гепатит даргузаштанд.
Вай дар соли 2016 бехабар аз шуҳраташ ба Афғонистон депорт карда шуд.
Ӯ натавонист ба зодгоҳи худ баргардад, он замон террористони ДОИШ* он ҷоро ғасб карда буданд.
Мона Лизаи афғон маҷбур буд дар Кобул бимонад, хушбахтона раисҷумҳури он вақти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Шарбат манзил тақдим кард.
Мона Лиза - маъруфтарин мусаввараи ҷаҳон аст, ки аз ҷониби Леонардо да Винчи таҳия шудааст. Он дар осорхонаи Луври Бритониё нигаҳдорӣ мешавад.
Ҳар сол танҳо ба хотири дидани асари "Мона Лиза" ба ин осорхона беш аз 7 миллион нафар меояд.
Лентаи хабарҳо
0