https://sputnik.tj/20211126/kumak-nizomiyon-poygoh-kambizoaton-tojikiston-1043785746.html
Кумаки низомиёни пойгоҳи 201 ба камбизоатон дар Тоҷикистон - акс
Кумаки низомиёни пойгоҳи 201 ба камбизоатон дар Тоҷикистон - акс
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони маҳаллаи дурдаст дар Тоҷикистон аз низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия кумаки башардӯстона гирифтанд
2021-11-26T17:30+0500
2021-11-26T17:30+0500
2021-11-26T19:56+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ёрӣ
пойгоҳи 201
фармондеҳ
ёрдам
башардӯстона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043779193_0:143:3135:1906_1920x0_80_0_0_bab6cf29b8f65550ae49ca76a8ab0a62.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба як деҳаи мушкилгузар дар 80-километрии шаҳри Душанбе кумак расонданд, хабар дод дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия. Ба бошандагони камбизоати деҳаи Эсанбой либосҳои ғафс, попӯшӣ, лавозимоти мактабӣ ва дигар маводи беҳдоштию ғизоӣ тақдим шудааст. Хурдсолони деҳа бозича ва ширинӣ низ дарёфт кардаанд. Дар ин иқдоми хайр ёвари фармондеҳи пойгоҳи низомӣ дар бахши кор бо низомиёни имондор, иерей Роман Чебоненко ва аъзои оилаҳое, ки ихтиёрӣ маводи кумакро ҷамъ оварданд, иштирок намуданд. Зикр шудааст, ки кумак ба оилаҳои серфарзанд ва камбизоат аз анъанаҳои хуби фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон шудааст. Қаблан чунин иқдоми хайрро намояндагони Шӯрои занони пойгоҳи 201-ум амалӣ карда буд. Дар қаламрави пойгоҳи низомии 201-ум ҷамъоварии маводи ғизоӣ ва лавозимоти ниёзи аввалия, бозича ва доруворӣ ташкил гардид. Баъдан занон ин маводро ба деҳаи Эсанбой расонданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043779193_202:0:2933:2048_1920x0_80_0_0_5799f6c6509f7aa9bef32f6e795003ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумак, пойгоҳ, 201, камбизоат, тоҷикистон
кумак, пойгоҳ, 201, камбизоат, тоҷикистон
Кумаки низомиёни пойгоҳи 201 ба камбизоатон дар Тоҷикистон - акс
17:30 26.11.2021 (Навсозишуда: 19:56 26.11.2021) Сокинони маҳаллаи дурдаст дар Тоҷикистон аз низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия кумаки башардӯстона гирифтанд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба як деҳаи мушкилгузар дар 80-километрии шаҳри Душанбе кумак расонданд, хабар дод дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия.
Ба бошандагони камбизоати деҳаи Эсанбой либосҳои ғафс, попӯшӣ, лавозимоти мактабӣ ва дигар маводи беҳдоштию ғизоӣ тақдим шудааст. Хурдсолони деҳа бозича ва ширинӣ низ дарёфт кардаанд.
Дар ин иқдоми хайр ёвари фармондеҳи пойгоҳи низомӣ дар бахши кор бо низомиёни имондор, иерей Роман Чебоненко ва аъзои оилаҳое, ки ихтиёрӣ маводи кумакро ҷамъ оварданд, иштирок намуданд.
Зикр шудааст, ки кумак ба оилаҳои серфарзанд ва камбизоат аз анъанаҳои хуби фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон шудааст.
Қаблан чунин иқдоми хайрро намояндагони Шӯрои занони пойгоҳи 201-ум амалӣ карда буд.
Дар қаламрави пойгоҳи низомии 201-ум ҷамъоварии маводи ғизоӣ ва лавозимоти ниёзи аввалия, бозича ва доруворӣ ташкил гардид. Баъдан занон ин маводро ба деҳаи Эсанбой расонданд.