https://sputnik.tj/20211126/bozdid-lukashenko-nigohdori-gureza-lahiston-1043781579.html
Боздиди Лукашенко аз макони нигоҳдории гурезаҳо дар марз бо Лаҳистон
Боздиди Лукашенко аз макони нигоҳдории гурезаҳо дар марз бо Лаҳистон
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Беларус Александр Лукашенко аз маркази логистикӣ дар гузаргоҳи Брузги, дар марз бо Лаҳистон дидан кард 26.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-26T16:10+0500
2021-11-26T16:10+0500
2021-11-26T18:38+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
белорус
иттиҳоди аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043348205_0:0:2438:1371_1920x0_80_0_0_5e49e535004ce703537cfb45c5364a8d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Александр Лукашенко ба марказе рафт, ки муҳоҷирон аз Ховари Миёна дар он ҷо ҷамъ омадаанд, хабар дод РИА "Новости". Зикр шудааст, ки моҳи ноябр дар марзи Беларусу Лаҳистон муҳоҷирон, асосан курдҳо ҷамъ омаданд, ки теъдодашон аз 2 ҳазор нафар зиёд аст. Муҳоҷирон талош доштанд, марзро дар минтақаи гузаргоҳи Брузги убур кунанд, аммо низомиёни лаҳистонӣ пеши роҳашонро гирифтанд. Мақомдорони Беларус Маркази нақлиётию ҳамлу нақлеро, ки дар наздикии гузаргоҳ ҷойгир буд, барои ҷойгир кардани муҳоҷирон дар он ҷудо карданд. Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Беларус, Наталя Эйсмонт, дар қаламрави ин кишвар феълан ҳудуди 7 ҳазор паноҳанда қарор дорад. Бархе аз муҳоҷирон баъди талошҳои номуваффақи роҳёбӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳояшон баргашта истодаанд. Аммо бархеи дигар, ки дар Маркази ҳамлу нақл қарор доранд, интизори долони гуманитарӣ барои рафтан ба Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Литва, Латвия ва Лаҳистон вақтҳои охир аз афзоиши боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ховари Миёна ва Африқо дар наздикии марз бо Беларус хабар дода, таъкид намудаанд, ки Минск амдан буҳрони муҳоҷиратӣ ташкил карда истодааст. Дар навбати худ Лукашенко изҳор дошт, ки роҳи муҳоҷирон ба Иттиҳоди Аврупоро нахоҳад гирифт, чун ба далели таҳримҳо кишвар барои ин кор на пул дораду на нерӯ.
https://sputnik.tj/20211126/intiqol-muhoojiron-belorus-iroq-1043775472.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043348205_273:0:2101:1371_1920x0_80_0_0_e916d5ef8d37e10c8902151ca2de73ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, сиёсат , белорус, иттиҳоди аврупо
дар ҷаҳон, сиёсат , белорус, иттиҳоди аврупо
Боздиди Лукашенко аз макони нигоҳдории гурезаҳо дар марз бо Лаҳистон
16:10 26.11.2021 (Навсозишуда: 18:38 26.11.2021) Президенти Беларус Александр Лукашенко аз маркази логистикӣ дар гузаргоҳи Брузги, дар марз бо Лаҳистон дидан кард
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Александр Лукашенко ба марказе рафт, ки муҳоҷирон аз Ховари Миёна дар он ҷо ҷамъ омадаанд, хабар дод РИА "Новости".
Зикр шудааст, ки моҳи ноябр дар марзи Беларусу Лаҳистон муҳоҷирон, асосан курдҳо ҷамъ омаданд, ки теъдодашон аз 2 ҳазор нафар зиёд аст. Муҳоҷирон талош доштанд, марзро дар минтақаи гузаргоҳи Брузги убур кунанд, аммо низомиёни лаҳистонӣ пеши роҳашонро гирифтанд.
Мақомдорони Беларус Маркази нақлиётию ҳамлу нақлеро, ки дар наздикии гузаргоҳ ҷойгир буд, барои ҷойгир кардани муҳоҷирон дар он ҷудо карданд.
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Беларус, Наталя Эйсмонт, дар қаламрави ин кишвар феълан ҳудуди 7 ҳазор паноҳанда қарор дорад. Бархе аз муҳоҷирон баъди талошҳои номуваффақи роҳёбӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳояшон баргашта истодаанд. Аммо бархеи дигар, ки дар Маркази ҳамлу нақл қарор доранд, интизори долони гуманитарӣ барои рафтан ба Иттиҳоди Аврупо мебошанд.
Литва, Латвия ва Лаҳистон вақтҳои охир аз афзоиши боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ховари Миёна ва Африқо дар наздикии марз бо Беларус хабар дода, таъкид намудаанд, ки Минск амдан буҳрони муҳоҷиратӣ ташкил карда истодааст.
Дар навбати худ Лукашенко изҳор дошт, ки роҳи муҳоҷирон ба Иттиҳоди Аврупоро нахоҳад гирифт, чун ба далели таҳримҳо кишвар барои ин кор на пул дораду на нерӯ.