https://sputnik.tj/20211125/zarba-samt-pentagon-marzho-rusiya-iqdom-khohad-1043759115.html
“Зарба аз ду самт”: Пентагон дар марзҳои Русия чӣ иқдом хоҳад кард?
“Зарба аз ду самт”: Пентагон дар марзҳои Русия чӣ иқдом хоҳад кард?
Sputnik Тоҷикистон
Вашингтон бар иқдоматаш алайҳи Маскав меафзояд
2021-11-25T17:00+0500
2021-11-25T17:00+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амрико
мубориза
рақобат
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043362400_0:1014:2049:2166_1920x0_80_0_0_4962ecb22f8b9a3e626a51cbcf975c2d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik, Андрей Котс. "Стратегҳо"-и амрикоии B-1B ва B-52 бо як сабаб аз марзҳои мо дидан мекунанд: ба гуфтаи Шойгу, халабонҳо истифодаи мушакҳои болдорро машқ мекунанд ва зарба задан ба ҳадафҳоро дар умқи қаламрави Русия меомӯзанд. Онҳо ниҳоят пуршиддат машқ мекунанд: дар ҳамин моҳ чунин парвозҳо қариб 30 бор, назар ба моҳи ноябри соли гузашта 2,5 баробар зиёд иҷро карда шуданд.Ин танҳо як маънӣ дорад: Пентагон кӯшиш мекунад, ки ҳарчи бештар экипажҳои бомбандози стратегиро барои задухӯрди эҳтимолии мусаллаҳона бо Маскав омода созад.Машқҳои ахири “Global Thunder” ба ҳамин чиз бахшида шудаанд. Шойгу гуфт, ки якбора даҳ ҳавопаймо ба Русия ҳамзамон аз Ғарбу Шарқ зарбаҳои ҳастаӣ омода кардаанд. Онҳо ҳамагӣ 20 километр дуртар аз сарҳади давлатӣ манёвр мекарданд, аммо дар сурати ҷанги ҳақиқӣ ба гумон аст, ки ба ин ҳад наздик биёянд."Дар ҳама ҳолатҳо ҳифозати ҳавоии мо маънои онро дорад, ки ҳавопаймоҳои бомбгузори стратегии Амрико сари вақт ошкор, мониторинги доимӣ муқаррар карда шуда, барои пешгирии ҳодисаҳо чораҳо андешида мешаванд", - таъкид кард вазир.Зарбаи ҳассосАмерикахо хатто фикр намекунанд, ки авиатсияи онҳо мукобили кист. Дар охири моҳи октябр фавран пас аз парвози як ҷуфт B-1B дар соҳили Қрим “Форбс” тавзеҳ дод: "стратег”-ҳо болои вазифаи нав кор мекунанд - нобуд кардани флоти Балтика ва баҳри Сиёҳ бо мушакҳои зидди киштии LRASM. Ва дар моҳи ноябр маҷаллаи “Popular Mechanics” тавзеҳ дод, ки ҷангандаҳои насли панҷуми F-35 бо бомбҳои ҳастаии B61-12 барои зарба ба посгоҳҳои фармондеҳии нерӯҳои мушакии стратегии Русия мусаллаҳ хоҳанд шуд.Дар миёнаҳои моҳи ноябр Русия як силоҳи зидди моҳвораӣ озмоиш кард. Вазорати мудофиа дар бораи бо мушаки номаълум нобуд кардани киштии кайҳонии "Тселина-Д", ки аз соли 1982 дар мадор буд, хабар дод. Амрикоиҳо ба ғазаб омаданд. Мақомоти расмии ин кишвар хостанд Маскавро дар низомисозӣ ва эҷоди таҳдид ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ муттаҳам кунанд. Чунин бархӯрд аз он сабаб ба амал меояд, ки Вашингтон дар бораи бурҷи сунъии худ, ки тамоми қӯшунҳои НАТО, аз ҷумла авиатсияи стратеги ба он вобастааст, ба ташвиш афтодааст."Анбуҳ"-и иттилоъҒарб ба ҷуз аз омодагии низомӣ алайҳи Русия як маъракаи иттилоотии фаъол дорад. Воқеан, ин аз соли 2014 идома дорад, аммо пас аз сафари вазири дифои ИМА Ллойд Остин ба Украина, он аллакай ба як истерикаи воқеӣ табдил ёфтааст. Матбуот ва сиёсатмадорони ғарбӣ ҳамарӯза Русияро дар омодагӣ ба ҳамла ба Украина муттаҳам мекунанд. Сабаби ин ҷарақа як матлаби “Politico” дар охири моҳи октябр шуд.Коршиноси умури сиёсӣ, амрикошинос Сергей Судаков мегӯяд: "Риторикаи зидди Русия ва зидди Чин дар Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО вақтҳои охир комилан марзҳоро убур карда”. Ба назари ӯ, "ин сабаб дорад. Аввалан, моделҳои иқтисодӣ тағйир меёбанд. Пандемияи коронавирус: КОВИД ба Иёлоти Муттаҳида зарбаи дардовар зад. Дуюм, фирори амрикоиҳо аз Афғонистон пас аз 20 соли ҷанг ба ҷаҳон нишон дод, ки Вашингтон абарқудрат нест. Барои Кохи Сафед нигоҳ доштани гегемония дар арсаи байналмилалӣ торафт мушкилтар мешавад. Обрӯи ИМА акнун мисли ду соли пеш нест. Аз ин рӯ мақомот ва хадамоти махсус ба эҷоди симои як душмани беруна, ки гӯё ба тартиботи ҷаҳон таҳдид мекунад, тамаркуз карданд".Ба гуфтаи коршинос, амрикоиҳо бо иқдомот ва изҳороти ахир мехоҳанд ба муттаҳидонашон омодагии худро барои вориди даргирӣ бо қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ намоиш диҳанд. Ва ба ин васила нақши муқаррарии пешворо дар миқёси сайёра муайян кунанд. Аммо то ҳол Судаков итминон дорад, ки "Кохи Сафед барои ҷанги бузург бо Русия омода нест. Мо то ҳол чизе барои посух додан дорем, мо ҳам аноӣ нестем". Аммо эҳтимоли иғвои низомӣ дар марзҳои Русия хеле зиёд аст.Қисмати асосӣ барои Вашингтон дар тахтаи шоҳмот Украина аст. Киев якравона роҳи ҳалли низомии мушкили Донбассро ба миён мегузорад. Он ҳам бо ин ҳадаф: Русияро ба ҷанг кашидану Кремлро ба таҷовуз муттаҳам кардан ва таҳримҳои нав ҷорӣ кардан. Эҳтимол бозии охири ин "ҳизб”-и геополитикӣ дар моҳҳои наздик анҷом шавад.
https://sputnik.tj/20210608/amriko-rusiya-avrupo-alayhi-ukraina-muttahid-1040080249.html
https://sputnik.tj/20211108/ukraina-chashm-ba-zaminhoi-rusiya-andokhtaast-1043327803.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043362400_0:822:2049:2358_1920x0_80_0_0_0852860c9f86e1fc294b3b71f4e0624a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амрико, украина, сиёсат, рақобат, марз, ҷанг, размоиш
русия, амрико, украина, сиёсат, рақобат, марз, ҷанг, размоиш
“Зарба аз ду самт”: Пентагон дар марзҳои Русия чӣ иқдом хоҳад кард?
17:00 25.11.2021 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Вашингтон бар иқдоматаш алайҳи Маскав меафзояд. Чанде пеш вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба афзоиши якбораи фаъолияти ҳавопаймоҳои стратегии ИМА таваҷҷуҳ кард. Ин изҳорот дар пасманзари изҳороти шадидтар алайҳи Русия садо дод
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik, Андрей Котс. "Стратегҳо"-и амрикоии B-1B ва B-52 бо як сабаб аз марзҳои мо дидан мекунанд: ба гуфтаи Шойгу, халабонҳо истифодаи мушакҳои болдорро машқ мекунанд ва зарба задан ба ҳадафҳоро дар умқи қаламрави Русия меомӯзанд. Онҳо ниҳоят пуршиддат машқ мекунанд: дар ҳамин моҳ чунин парвозҳо қариб 30 бор, назар ба моҳи ноябри соли гузашта 2,5 баробар зиёд иҷро карда шуданд.
Ин танҳо як маънӣ дорад: Пентагон кӯшиш мекунад, ки ҳарчи бештар экипажҳои бомбандози стратегиро барои задухӯрди эҳтимолии мусаллаҳона бо Маскав омода созад.
Машқҳои ахири “Global Thunder” ба ҳамин чиз бахшида шудаанд. Шойгу гуфт, ки якбора даҳ ҳавопаймо ба Русия ҳамзамон аз Ғарбу Шарқ зарбаҳои ҳастаӣ омода кардаанд. Онҳо ҳамагӣ 20 километр дуртар аз сарҳади давлатӣ манёвр мекарданд, аммо дар сурати ҷанги ҳақиқӣ ба гумон аст, ки ба ин ҳад наздик биёянд.
"Дар ҳама ҳолатҳо ҳифозати ҳавоии мо маънои онро дорад, ки ҳавопаймоҳои бомбгузори стратегии Амрико сари вақт ошкор, мониторинги доимӣ муқаррар карда шуда, барои пешгирии ҳодисаҳо чораҳо андешида мешаванд", - таъкид кард вазир.
Америкахо хатто фикр намекунанд, ки авиатсияи онҳо мукобили кист. Дар охири моҳи октябр фавран пас аз парвози як ҷуфт B-1B дар соҳили Қрим “Форбс” тавзеҳ дод: "стратег”-ҳо болои вазифаи нав кор мекунанд - нобуд кардани флоти Балтика ва баҳри Сиёҳ бо мушакҳои зидди киштии LRASM. Ва дар моҳи ноябр маҷаллаи “Popular Mechanics” тавзеҳ дод, ки ҷангандаҳои насли панҷуми F-35 бо бомбҳои ҳастаии B61-12 барои зарба ба посгоҳҳои фармондеҳии нерӯҳои мушакии стратегии Русия мусаллаҳ хоҳанд шуд.
"Вазъияти душвори низомию сиёсии ҷаҳон ва афзоиши фаъолияти кишварҳои НАТО дар наздикии марзҳои Русия зарурати рушди минбаъдаи нерӯҳои мусаллаҳро тақозо мекунад", - қайд кард Сергей Шойгу.
Дар миёнаҳои моҳи ноябр Русия як силоҳи зидди моҳвораӣ озмоиш кард. Вазорати мудофиа дар бораи бо мушаки номаълум нобуд кардани киштии кайҳонии "Тселина-Д", ки аз соли 1982 дар мадор буд, хабар дод. Амрикоиҳо ба ғазаб омаданд. Мақомоти расмии ин кишвар хостанд Маскавро дар низомисозӣ ва эҷоди таҳдид ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ муттаҳам кунанд. Чунин бархӯрд аз он сабаб ба амал меояд, ки Вашингтон дар бораи бурҷи сунъии худ, ки тамоми қӯшунҳои НАТО, аз ҷумла авиатсияи стратеги ба он вобастааст, ба ташвиш афтодааст.
Ғарб ба ҷуз аз омодагии низомӣ алайҳи Русия як маъракаи иттилоотии фаъол дорад. Воқеан, ин аз соли 2014 идома дорад, аммо пас аз сафари вазири дифои ИМА Ллойд Остин ба Украина, он аллакай ба як истерикаи воқеӣ табдил ёфтааст. Матбуот ва сиёсатмадорони ғарбӣ ҳамарӯза Русияро дар омодагӣ ба ҳамла ба Украина муттаҳам мекунанд. Сабаби ин ҷарақа як матлаби “Politico” дар охири моҳи октябр шуд.
Коршиноси умури сиёсӣ, амрикошинос Сергей Судаков мегӯяд: "Риторикаи зидди Русия ва зидди Чин дар Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО вақтҳои охир комилан марзҳоро убур карда”.
Ба назари ӯ, "ин сабаб дорад. Аввалан, моделҳои иқтисодӣ тағйир меёбанд. Пандемияи коронавирус: КОВИД ба Иёлоти Муттаҳида зарбаи дардовар зад. Дуюм, фирори амрикоиҳо аз Афғонистон пас аз 20 соли ҷанг ба ҷаҳон нишон дод, ки Вашингтон абарқудрат нест. Барои Кохи Сафед нигоҳ доштани гегемония дар арсаи байналмилалӣ торафт мушкилтар мешавад. Обрӯи ИМА акнун мисли ду соли пеш нест. Аз ин рӯ мақомот ва хадамоти махсус ба эҷоди симои як душмани беруна, ки гӯё ба тартиботи ҷаҳон таҳдид мекунад, тамаркуз карданд".
Ба гуфтаи коршинос, амрикоиҳо бо иқдомот ва изҳороти ахир мехоҳанд ба муттаҳидонашон омодагии худро барои вориди даргирӣ бо қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ намоиш диҳанд. Ва ба ин васила нақши муқаррарии пешворо дар миқёси сайёра муайян кунанд. Аммо то ҳол Судаков итминон дорад, ки "Кохи Сафед барои ҷанги бузург бо Русия омода нест. Мо то ҳол чизе барои посух додан дорем, мо ҳам аноӣ нестем". Аммо эҳтимоли иғвои низомӣ дар марзҳои Русия хеле зиёд аст.
Қисмати асосӣ барои Вашингтон дар тахтаи шоҳмот Украина аст. Киев якравона роҳи ҳалли низомии мушкили Донбассро ба миён мегузорад. Он ҳам бо ин ҳадаф: Русияро ба ҷанг кашидану Кремлро ба таҷовуз муттаҳам кардан ва таҳримҳои нав ҷорӣ кардан. Эҳтимол бозии охири ин "ҳизб”-и геополитикӣ дар моҳҳои наздик анҷом шавад.