https://sputnik.tj/20211125/uzbekiston-tojikiston-kadrho-yakjo-omoda-1043756262.html
Гордҳои миллии Ӯзбекистону Тоҷикистон кадрҳоро ба "ҷанг" омода мекунанд
Гордҳои миллии Ӯзбекистону Тоҷикистон кадрҳоро ба "ҷанг" омода мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Горди миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии фармондеҳ, генерал-лейтенант Бобоҷон Ҷамолзода барои нахустин бор ба ҷумҳурии ҳамсоя сафари расмӣ анҷом дод
2021-11-25T15:40+0500
2021-11-25T15:40+0500
2021-11-25T18:54+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қувваҳои мусаллаҳ
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
омодасозӣ
омӯзиш
горди миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043755785_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_304eb674e3f90e5b8ed6de15b5a94315.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Гордҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон қасд доранд, дар заминаи омодасозии кадрҳо ҳамкорӣ кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Горди миллии Ӯзбекистон. Гуфта мешавад, ҳайати Горди миллии Тоҷикистон таҳти сарварии фармондеҳи он, генерал-лейтенант Бобоҷон Ҷамолзода барои нахустин бор ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом додааст.Фармондеҳи Горди миллии Ӯзбекистон, генерал-майор Рустам Ҷӯраев, инчунин муовини фармондеҳ, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони бригадаҳо, роҳбарони Донишгоҳи амнияти ҷамъиятӣ ва Маркази махсуси таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин дидор ширкат намудаанд.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Таъсиси низоми падофанди ҳавоии Тоҷикистону Русия: Путин киро муваззаф кард?Дар поёни мулоқот нақшаи дуҷонибаи ҳамкориҳои амалӣ барои соли 2022 ба имзо расид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат, баргузории чорабиниҳои муштарак дар масъалаи омодасозии кадрҳо, боло бурдани омодагии ҷангӣ ва ҷисмонии онҳо дар назар аст.Ҳамчунин мубодилаи таҷриба дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20201211/Farmoni-Prezident-tarbiyatgari-sisii-nizomini-Gordi-Mill-ivaz-shud-1032436252.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043755785_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_6113500df686abf3345e86f65d0ad28c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, горди миллӣ, ҳамкорӣ
тоҷикистон, ӯзбекистон, горди миллӣ, ҳамкорӣ
Гордҳои миллии Ӯзбекистону Тоҷикистон кадрҳоро ба "ҷанг" омода мекунанд
15:40 25.11.2021 (Навсозишуда: 18:54 25.11.2021) Ҳайати Горди миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии фармондеҳ, генерал-лейтенант Бобоҷон Ҷамолзода барои нахустин бор ба ҷумҳурии ҳамсоя сафари расмӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Гордҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон қасд доранд, дар заминаи омодасозии кадрҳо ҳамкорӣ кунанд, хабар
медиҳад дафтари матбуотии Горди миллии Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, ҳайати Горди миллии Тоҷикистон таҳти сарварии фармондеҳи он, генерал-лейтенант Бобоҷон Ҷамолзода барои нахустин бор ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом додааст.
Фармондеҳи Горди миллии Ӯзбекистон, генерал-майор Рустам Ҷӯраев, инчунин муовини фармондеҳ, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони бригадаҳо, роҳбарони Донишгоҳи амнияти ҷамъиятӣ ва Маркази махсуси таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин дидор ширкат намудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Дар поёни мулоқот нақшаи дуҷонибаи ҳамкориҳои амалӣ барои соли 2022 ба имзо расид.
Мувофиқи ин ҳуҷҷат, баргузории чорабиниҳои муштарак дар масъалаи омодасозии кадрҳо, боло бурдани омодагии ҷангӣ ва ҷисмонии онҳо дар назар аст.
Ҳамчунин мубодилаи таҷриба дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.