https://sputnik.tj/20211125/payomad-sukhtor-anbor-pakhtai-maschtoh-1043753000.html
Хокистари сиёҳи тиллои сафед: тасовире пас аз сӯхтори корхонаи пахта дар Суғд
Хокистари сиёҳи тиллои сафед: тасовире пас аз сӯхтори корхонаи пахта дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Барои хомӯш намудани алангаи сӯхтор дар баробари масъулони идораи сӯхторнишонӣ, кормандони ҳукумат ва сокинони оддӣ низ сафарбар шудаанд
2021-11-25T11:59+0500
2021-11-25T11:59+0500
2021-11-25T15:26+0500
акс
дар тоҷикистон
сӯхтор
масчо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043752635_0:239:1280:959_1920x0_80_0_0_4e42b946dfaa94a8aa1670eef2dbb613.jpg
масчо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043752635_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_a5b592b9501e53c18fceab8512fba663.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паёмад сӯхтор анбор пахта масчтоҳ
паёмад сӯхтор анбор пахта масчтоҳ
Хокистари сиёҳи тиллои сафед: тасовире пас аз сӯхтори корхонаи пахта дар Суғд
11:59 25.11.2021 (Навсозишуда: 15:26 25.11.2021) Барои хомӯш намудани алангаи сӯхтор дар баробари масъулони идораи сӯхторнишонӣ кормандони ҳукумат ва сокинони оддӣ низ ба кумак омаданд

Неъмат Идизода, сардори Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахтаи мансуб ба ширкати “Музаффар ва компания” сар задааст.

Бино ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор соати 03:00 сар зада, то кунун алангаи он хомӯш нашудааст.

Бино ба иттилоъи манбеъ, сӯхтор дар маконе сар задааст, ки он ҷо ҳудуди 1300 тонна нахи пахтаи тайёршудаи ширкати “Музаффар компания" нигоҳдорӣ мешуд.

“Алҳол ҳама талоши мо ин аст, ки алангаи сӯхторро хомӯш кунем. Баъдтар сабаби сар задани сӯхторро муайян намоем", - гуфт сардори идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мастчоҳ.

Қисми зиёди нахи пахта ба коми оташ рафт.

Сӯхторнишонҳо ва аҳолии ба кумакомада тавонистаанд қисме аз нахи пахтаро аз оташсӯзӣ наҷот диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳама масъулони идораҳои давлатӣ ба шаҳраки Бӯстон рафтаанд.

Сабабҳои сар задани сӯхтор ва хисорот баъдтар эълон мешавад.