Соли 2022 дар иқтисоди Тоҷикистон чӣ иттифоқ меафтад: пешгӯии иқтисодӣ

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон новобаста ба зарбаи коронавирус бахши иқтисод тадриҷан рӯ ба барқарорӣ ниҳодааст
Бонки Авруосиёии Рушд гузоришеро нашр кард, ки дар он рушди иқтисоди Тоҷикистон дар авохири соли ҷорӣ ва солҳои баъдиро пешгӯӣ намудааст.
Тибқи маълумоти Бонки Авруосиёии Рушд, иқтисоди кишварҳои узви ин бонк аз оқибатҳои пандемияи коронавирус нобаробар барқарор мешаванд. Арманистон ва Қирғизистон аз ҳама бештар зарар дидаанд.
Бинобар баъзе авомил Тоҷикистон тавонистааст иқтисоди худро беҳтар ҳифз кунад.
Ба гузориши бонки мазкур, интизор меравад, ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба суръати устувори рушд бирасад.
Дар тасвирбаёне, ки Sputnik Тоҷикистон бар асоси гузориши Бонки Авруосиёии Рушд таҳия кардааст, метавон якбора чанд пешгӯии иқтисоди ҷумҳуриро мушоҳида кард.
Иқтисоди Тоҷикистон хисороти пандемияро пушти сар кард: гузориши БАОР
Масалан, нархи маводи ғизоӣ ба таваррум аз ҳисоби афзоиши кишоварзӣ чандон таъсир нарасонд, аммо арзиши дигар молу хадамот афзоиш ёфт. Сабаби ин ҷаҳиши қимати ҳомилҳои барқ ​​ва коҳиши воридоти гази моеъ мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2021 меъёри бозтамвилро чаҳор баробар боло бурд. Бинобар тағйир ёфтани сиёсати БМТ, сатҳи таваррум дар кишвар дар сатҳи поинтар аз 10% ҳифз шудааст.
Дар ҳамин ҳол сомонӣ дар баробари доллар устувории худро нигоҳ доштааст. Бонки мазкур қайд мекунад, ки чунин динамика метавонад то охири соли 2021 идома ёбад, аммо миқёси устувории номиналии сомонӣ дар ин давра эҳтимол муътадил боқӣ бимонад.
Лентаи хабарҳо
0