Ҳушдори ВКД аз оқибатҳои ногувори сӯхтор

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСитуация на границе Кыргызстана и Таджикистана
Ситуация на границе Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Обуна шудан
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Тоҷикистон омодагии муассисаҳоро барои пешгирӣ аз сӯхтор санҷид
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Тоҷикистон аз оқибатҳои ногувори сӯхтор ҳушдор ва роҳҳои пешгирӣ аз онро нишон доданд.
Чунин иқдомоти зиддисӯхторӣ бо роҳбарии сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори сарраёсат, подполковник Хуршед Шарифзода дар
литсейи касбии махсуси маъюбони ноҳияи Сино
мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ
Маҷмаи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб гузаронида шудаанд.
Кормандон дар чорчӯби ин барнома ба ҳолати коршоямии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, низоми автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда, ҳавзу гидрантҳо ва ҷумакҳои дохилии оташнишонӣ, сипару хатҳои интиқоли қувваи барқ, манбаҳои гармидиҳӣ ва истифодаи оқилонаи асбобу таҷҳизотҳои барқиву газӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Сӯхтори азим дар анбори пахтаи “Музаффар компания” дар ноҳияи Мастчоҳ
Ҳамчунин ба масъалаи озод нигоҳ дошташудани роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ ва тахлиявӣ, риояи меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ дар хобгоҳҳо ва биноҳои таълимию маъмурӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шудааст.
Кормандони сарраёсат ҳамчунин бо масъулону мураббияҳо бобати истифодаи лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, тартиби дурусти даъвати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ташкили тахлияи одамон аз бинои оташгирифта ва дигар мавзуъҳо машғулиятҳои назариявию амалӣ баргузор кардаанд.
Сӯхторнишонҳо ва аҳолии ба кумак омада тавонистаанд қисме аз  валакнаҳои пахтаро аз коми оташ наҷот диҳанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Хокистари сиёҳи тиллои сафед: тасовире пас аз сӯхтори корхонаи пахта дар Суғд
Гуфта мешавад, ҳадафи асосии баргузории ин иқдомот пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, оқибати он, муайян намудани сатҳи омодагии дружинаҳои оташнишонӣ, инчунин расонидани ёрии амалии кормандони соҳа ба масъулону мутасаддиён дар бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта аст.
Лентаи хабарҳо
0