https://sputnik.tj/20211125/dabir-spad-marz-afghoniston-tojikiston-tahdid-1043750575.html
Дабири собиқи СПАД гуфт, аз марзи Афғонистон Тоҷикистонро чӣ таҳдид мекунад - видео
Дабири собиқи СПАД гуфт, аз марзи Афғонистон Тоҷикистонро чӣ таҳдид мекунад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ дабири кулли СПАД дар бораи таҳдиди Афғонистон ва шеваҳои ҳалли он муфассал сухан гуфт
2021-11-25T10:44+0500
2021-11-25T10:44+0500
2021-11-25T11:51+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
николай бордюжа
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/18/1043746927_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_1253dc2fcb0029983a2ff31a6d41bf5f.jpg
Арбоби давлатӣ ва низомии Русия, собиқ дабири кулли СПАД Николай Бордюжа дар мусоҳиба бо Армен Гаспарян гуфтааст, ки ӯ дар солҳои 90-ум маҳз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кор карда, дар ором кардани вазъи ноороми марзҳо бевосита ширкат доштааст."Мо дар он ҷо мардуми зиёдеро талаф додем, зеро дар даргириҳои низомӣ ширкат доштем. Ин як ибораи хушку холӣ нест. Мо медонем, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон чист", - гуфт Бордюжа.ВКХ Тоҷикистон аз фаъолшавии террористҳо дар наздикии марз бо Афғонистон хабар додВай афзуд, нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муддати тӯлонӣ мушоҳида мешавад: ин ба тиҷорати маводи мухаддир, гурӯҳҳои ҷиноӣ ва идеологӣ рабт дорад. Генерал-полковник гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2,5 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ* ва тақрибан ҳазор нафар аз Ҷунбиши исломии Туркистон* дар қаламрави Афғонистон мустақаранд.Гузашта аз ин, ба гуфтаи коршинос, ин гурӯҳҳои террористӣ пас аз иваз шудани қудрат низ дар Афғонистон фаъолият мекунанд.Бордюжа афзуд, дар ҳоли ҳозир фаъолияти СПАД ба иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо назардошти рахнашавии эҳтимолии марз муртабит мешавад. Чӣ гуна СААД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшадСамти дуюм кумаки ҳарбию техникӣ барои баланд бардоштани сатҳи ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад. * - ташкилоти террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/18/1043746927_74:0:1514:1080_1920x0_80_0_0_c49839a1c760e21c23ea0b0a99477662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дабир спад марз афғонистон тоҷикистон таҳдид видео
дабир спад марз афғонистон тоҷикистон таҳдид видео
Дабири собиқи СПАД гуфт, аз марзи Афғонистон Тоҷикистонро чӣ таҳдид мекунад - видео
10:44 25.11.2021 (Навсозишуда: 11:51 25.11.2021) Дабири кулли собиқи СПАД дар бораи таҳдид аз хоки Афғонистон ва шеваҳои ҳалли он муфассал сухан гуфт
Арбоби давлатӣ ва низомии Русия, собиқ дабири кулли СПАД Николай Бордюжа дар мусоҳиба бо Армен Гаспарян гуфтааст, ки ӯ дар солҳои 90-ум маҳз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кор карда, дар ором кардани вазъи ноороми марзҳо бевосита ширкат доштааст.
"Мо дар он ҷо мардуми зиёдеро талаф додем, зеро дар даргириҳои низомӣ ширкат доштем. Ин як ибораи хушку холӣ нест. Мо медонем, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон чист", - гуфт Бордюжа.
Вай афзуд, нооромӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муддати тӯлонӣ мушоҳида мешавад: ин ба тиҷорати маводи мухаддир, гурӯҳҳои ҷиноӣ ва идеологӣ рабт дорад.
Генерал-полковник гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2,5 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ* ва тақрибан ҳазор нафар аз Ҷунбиши исломии Туркистон* дар қаламрави Афғонистон мустақаранд.
"Инҳо сохторҳое ҳастанд, ки ҳадафи тавсеаи мустақим, ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, тағйири низоми мавҷуд дар Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро доранд", - афзуд дабири кулли собиқи СПАД.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи коршинос, ин гурӯҳҳои террористӣ пас аз иваз шудани қудрат низ дар Афғонистон фаъолият мекунанд.
Бордюжа афзуд, дар ҳоли ҳозир фаъолияти СПАД ба иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо назардошти рахнашавии эҳтимолии марз муртабит мешавад.
Самти дуюм кумаки ҳарбию техникӣ барои баланд бардоштани сатҳи ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад.
* - ташкилоти террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ