https://sputnik.tj/20211125/berahmi-padar-pisar-kelin-khudkushi-1043755218.html
Бераҳмии падару писар келинро ба худкушӣ расонд: беистироҳат кор мефармуданд
Бераҳмии падару писар келинро ба худкушӣ расонд: беистироҳат кор мефармуданд
Sputnik Тоҷикистон
Муносибати бераҳмонаи ҳамсар ва хусур келини хонадонро ба худкушӣ расонидааст
2021-11-25T13:30+0500
2021-11-25T13:30+0500
2021-11-25T17:17+0500
парванда
ҷазо
падару писар
додситонии кулли ҷт
келин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон падару писарро барои ба марг расонидани келини хонадон зиндонӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, М.Ш. Саидкулиев, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов, деҳаи Қаҳрамон моҳи феврали соли 2019 аз тариқи расму оини мусалмонӣ бо шаҳрванд Нурсултан Рузимурадовна Джумаева, сокини ҳамин ноҳия оиладор шудааст.М. Ш. Саидкулиев давоми зиндагонии якҷояашон Джумаева Н. Р.-ро мунтазам таҳдид намуда, муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахсии номбурдаро раво дида, суханони қабеҳу дашному ҳақораташ гуфта, беасос ӯро мавриди латукӯб қарор медодааст, афзуд манбаъ.Ба иттилои додситонӣ, бар замми ин падари М. Ш. Саидкулиев Ш. Я. Саидкулиев дар рӯзҳои гарму офтобӣ келинаш Н. Р. Джумаеваро ба корҳои саҳроӣ бидуни истироҳат ҷалб менамудааст.Гуфта мешавад, келини хонадон ба ин кирдорҳои падару писар тоқат накарда, 8 майи соли 2021 бо мақсади худкушӣ намудан ба хонаи падараш рафта, дар набудани аҳли хонаводаашон дар равчӯби болои боми манзили истиқоматии волидайнаш худро бо руймоли сараш овехта, ба ҳалокат расонидааст.Падару писар мутобиқи қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудаанд.
https://sputnik.tj/20210906/kusht-dor-mard-rashk-hamsarashro-kusht-1042073058.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бераҳмӣ падар писар келин худкушӣ
бераҳмӣ падар писар келин худкушӣ
Бераҳмии падару писар келинро ба худкушӣ расонд: беистироҳат кор мефармуданд
13:30 25.11.2021 (Навсозишуда: 17:17 25.11.2021) Муносибати бераҳмонаи ҳамсар ва падаршавҳар келини хонадонро ба худкушӣ расондааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон падару писарро барои ба марг расонидани келини хонадон зиндонӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, М.Ш. Саидкулиев, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов, деҳаи Қаҳрамон моҳи феврали соли 2019 аз тариқи расму оини мусалмонӣ бо шаҳрванд Нурсултан Рузимурадовна Джумаева, сокини ҳамин ноҳия оиладор шудааст.
М. Ш. Саидкулиев давоми зиндагонии якҷояашон Джумаева Н. Р.-ро мунтазам таҳдид намуда, муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахсии номбурдаро раво дида, суханони қабеҳу дашному ҳақораташ гуфта, беасос ӯро мавриди латукӯб қарор медодааст, афзуд манбаъ.
Ба иттилои додситонӣ, бар замми ин падари М. Ш. Саидкулиев Ш. Я. Саидкулиев дар рӯзҳои гарму офтобӣ келинаш Н. Р. Джумаеваро ба корҳои саҳроӣ бидуни истироҳат ҷалб менамудааст.
"Дар натиҷаи ин муносибати мунтазами бераҳмонаи падар ва писар 3-маротиб ҳомиладории Джумаева Н.Р. қатъ гардидааст", - афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, келини хонадон ба ин кирдорҳои падару писар тоқат накарда, 8 майи соли 2021 бо мақсади худкушӣ намудан ба хонаи падараш рафта, дар набудани аҳли хонаводаашон дар равчӯби болои боми манзили истиқоматии волидайнаш худро бо руймоли сараш овехта, ба ҳалокат расонидааст.
Падару писар мутобиқи қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудаанд.