https://sputnik.tj/20211125/baor-omil-kohish-tijorat-khoriji-tojikiston-guft-1043766561.html
БАОР омилҳои коҳиш ёфтани тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистонро гуфт
БАОР омилҳои коҳиш ёфтани тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Касри гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ аз аввали сол 1,5 миллиард доллар ё 24,4 фоизи ММД-ро ташкил дод.
2021-11-25T19:50+0500
2021-11-25T19:50+0500
2021-11-25T20:18+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
баор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102730/47/1027304738_0:79:3500:2048_1920x0_80_0_0_56ec1733b85b717ff74dc56e275b6574.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон касри савдои хориҷӣ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.Чунин маълумотро гузориши нави коршиносони Бонки Авруосиёи Рушд расонаӣ кард. Тавозуни манфии савдои мол бо кишварҳои хориҷӣ дар нуҳ моҳ, яъне аз январ то сентябри соли 2021, 1,5 миллиард доллар ё 24,4 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил дод. Ҳамин тариқ касри гардиши тиҷорат дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ним миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Ин сатҳро бо ҳамин давраҳои солҳои 2018 ва 2019 низ муқоиса кардан мумкин аст.Коршиносон сабаби ин амрро тавсеаи талаботи дохилӣ медонанд. Афзоиши талабот дар дохили кишвар дар натиҷаи афзоиши сармоягузорӣ ба вуҷуд омад, ки аз ҳисоби васеъшавии хароҷоти буҷет дастгирӣ карда мешавад.Дар ҳамин ҳол коршиносон интизор доранд, ки аҳамияти ин омил аз соли 2022 то 2023 дар шароити расидан ба суръати устувори рушди иқтисод коҳиш хоҳад ёфт. БАОР қайд мекунанд, ки дар маҷмуъ мақомоти Тоҷикистон тавонистаанд оқибатҳои пандемияи коронавирусро ба иқтисоди кишвар безарар созанд.
https://sputnik.tj/20211125/baor-sabab-boloravi-narkhh-tojikiston-1043757125.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102730/47/1027304738_769:0:3500:2048_1920x0_80_0_0_999f90c7a10ddf5735aaaf3f53b7da25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баор иқтисод тоҷикистон
БАОР омилҳои коҳиш ёфтани тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистонро гуфт
19:50 25.11.2021 (Навсозишуда: 20:18 25.11.2021) Касри гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ аз аввали сол 1,5 миллиард доллар ё 24,4 фоизи ММД-ро ташкил дод.
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон касри савдои хориҷӣ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Чунин маълумотро гузориши нави коршиносони Бонки Авруосиёи Рушд расонаӣ кард.
Тавозуни манфии савдои мол бо кишварҳои хориҷӣ дар нуҳ моҳ, яъне аз январ то сентябри соли 2021, 1,5 миллиард доллар ё 24,4 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил дод.
Ҳамин тариқ касри гардиши тиҷорат дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ним миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Ин сатҳро бо ҳамин давраҳои солҳои 2018 ва 2019 низ муқоиса кардан мумкин аст.
"Ин динамика натиҷаи афзоиши маҳдудтари содироти филизоти қиматбаҳо ва афзоиши воридот барои аксари бахшҳои тиҷорати хориҷӣ нисбат ба соли 2020 ва нимаи аввали соли 2021 аст", - омадааст дар гузориш.
Коршиносон сабаби ин амрро тавсеаи талаботи дохилӣ медонанд. Афзоиши талабот дар дохили кишвар дар натиҷаи афзоиши сармоягузорӣ ба вуҷуд омад, ки аз ҳисоби васеъшавии хароҷоти буҷет дастгирӣ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол коршиносон интизор доранд, ки аҳамияти ин омил аз соли 2022 то 2023 дар шароити расидан ба суръати устувори рушди иқтисод коҳиш хоҳад ёфт.
БАОР қайд мекунанд, ки дар маҷмуъ мақомоти Тоҷикистон тавонистаанд оқибатҳои пандемияи коронавирусро ба иқтисоди кишвар безарар созанд.