https://sputnik.tj/20211124/pul-girift-khona-tahqiq-qallob-dushanbe-1043734655.html
Пулро гирифту хонаро надод: Таҳқиқи ҳолати қаллобӣ дар Душанбе
Пулро гирифту хонаро надод: Таҳқиқи ҳолати қаллобӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Марде аз харидори хона дар шаҳри Душанбе пул гирифта, манзили ваъдагиро надодааст 24.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-24T14:50+0500
2021-11-24T14:50+0500
2021-11-24T18:38+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қаллобӣ
хона
фиреб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/90/1022269049_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_ea9bd8a2f271e2c4f2938dc7ac2827fe.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Марди 55-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ аз қаллобии марди 44-сола, сокини шаҳри Ҳисор шикоят кардааст. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки нафари муттаҳам аз ӯ 206 ҳазор сомонӣ пул гирифта, манзили дуҳуҷрагӣ ваъда кардааст. Таъкид шудааст, ки мизоҷ пулро ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар назди бинои Сирки давлатӣ ба марди муттаҳам додааст. Ӯ баъди гирифтани пул ваъда додааст, ки ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз бинои навбунёди назди Сирки давлатӣ манзил медиҳад, аммо то ҳол ба ваъдааш вафо накардааст. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Ин дар ҳолест, фиреби ниёзмандони хона дар Тоҷикистон яке аз ҳолатҳои нисбатан маъмул мебошад. Қаблан бо иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва фиреби харидорон чандин роҳбари ширкатҳои сохтмонӣ, аз ҷумла ширкати давлатии "Манзили дастрас" ҳабс ва ба солҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардида буданд.
https://sputnik.tj/20211011/fireb-moshinbozor-khudrav-pul-1042760160.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/90/1022269049_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_a66c7a50ac3fdc7846089428184512af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, қаллобӣ, хона, фиреб
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, қаллобӣ, хона, фиреб
Пулро гирифту хонаро надод: Таҳқиқи ҳолати қаллобӣ дар Душанбе
14:50 24.11.2021 (Навсозишуда: 18:38 24.11.2021) Марде аз харидори хона дар шаҳри Душанбе пул гирифта, манзили ваъдагиро надодааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Марди 55-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ аз қаллобии марди 44-сола, сокини шаҳри Ҳисор шикоят кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки нафари муттаҳам аз ӯ 206 ҳазор сомонӣ пул гирифта, манзили дуҳуҷрагӣ ваъда кардааст.
Таъкид шудааст, ки мизоҷ пулро ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар назди бинои Сирки давлатӣ ба марди муттаҳам додааст. Ӯ баъди гирифтани пул ваъда додааст, ки ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз бинои навбунёди назди Сирки давлатӣ манзил медиҳад, аммо то ҳол ба ваъдааш вафо накардааст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, фиреби ниёзмандони хона дар Тоҷикистон яке аз ҳолатҳои нисбатан маъмул мебошад.
Қаблан бо иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва фиреби харидорон чандин роҳбари ширкатҳои сохтмонӣ, аз ҷумла ширкати давлатии "Манзили дастрас" ҳабс ва ба солҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардида буданд.