"Ҷевелин" ва "Стингер" аз хушҳолӣ нестанд: ИМА Украинаро ба ҷанг бо Русия ҳидоят мекунад

© WikipediaАмериканский переносной противотанковый ракетный комплекс "Джавелин"
Американский переносной противотанковый ракетный комплекс Джавелин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Обуна шудан
Русия Украинаро ҳамчун як киштии азими НАТО дар наздикии марзаш қабул хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Русия Украинаро ҳамчун як киштии азими НАТО дар наздикии марзаш қабул хоҳад кард
Иёлоти Муттаҳида ба таври ҷиддӣ "картаи украинӣ"-и зидди Русияро ба бозӣ медарорад ва акнун танҳо як муъҷиза метавонад режими Киевро аз бархӯрди низомии худкуш бо Русия дар иғвои тарҳрезишуда бо ширкати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва НАТО наҷот диҳад.
Амрикоиҳо қасд доранд, бо ба марги дастаҷамъии тела додани низомиёни украинӣ дар зери зарбаҳои системаҳои оташфишони "Солнтсепек" ва "Тосочка" нишон диҳанд, ки хоҷаи Аврупо кист.
Иёлоти Муттаҳида зери пардаи воҳимаи "таҷовузи Русия", ки аз сӯйи Вошингтон дар фасли зимистон оғоз шуда буд, ба таври фаврӣ ба фурудгоҳи Бориспили Украина 80 тонна лавозимоти ҷангӣ интиқол дод ва имконоти ирсоли силоҳу мушовирони низомии нав ба "майдон"-ро баррасӣ мекунад.
Ин ҷо на танҳо дар бораи системаҳои зиддитанкии “Ҷевелин сухан меравад, балки Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ба Киев чанд "болгарди афғонӣ"-и Ми-17 ва системаҳои падофанди ҳавоӣ - системаҳои дифои зиддиҳавоии “Stinger” ва “Patriot” диҳад.
"Патриот"-ҳо метавонанд дар Украина танҳо дар якҷоягӣ бо мутахассисони Пентагон бошанд, зеро барои омӯзиши Қувваҳои Мусаллаҳи Украина вақт нест.
Вид на украинскую газовую станцию Воловец на западе Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Амрико, Русия ва Аврупо алайҳи Украина муттаҳид шуданд
Мушовирони низомии ИМА барои барномарезии амалиётӣ (аз рӯи стандартҳои НАТО) ва роҳбарии нерӯҳои Украина дар майдони ҷанг (чун августи соли 2008 дар Гурҷистон ва Афғонистон то моҳи августи соли 2021) лозиманд.
“Оё силоҳ ва мушовирони низомии амрикоӣ дар Донбасс хоҳанд буд?”, саволи муҳим аст ва талошҳое дар ин хусус ба назар мерасад.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина бори аввал дар хатти ҷабҳа аз мушаки ҳидоятшавандаи зиддитанкии “Javelin” истифода карданд. 20 ноябр полковник Брэндон Пресли, атташеи низомии сафорати ИМА дар Киев бо як гурӯҳи афсарони иктишофии Пентагон аз хатти ҷабҳа дар Донбасс, дар наздикии шаҳракҳои Пески ва Маринка дидан кард.
Муовини фармондеҳи гурӯҳи нерӯҳои танбеҳӣ Анатолий Шевченко ҳузури амрикоиҳо харита ва вазъияти амалиётиро шарҳ дод.
Дар воқеъ амалиёти истихборотӣ, арзёбии душман бевосита дар майдони ҷанг сурат гирифт ва ин умуман ба вазифаҳои расмии намояндаи сафорати ИМА дохил намешавад.
Дар авохири ҳафтаи гузашта дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар бораи "тамаркузи ғайричашмдошти нерӯҳои зиёди Русия дар наздикии марзҳои Украина" хабар дод.
Илова бар ин Пентагон ба ҳампаймонони аврупоии худ харитаҳоеро супурд, ки дар он воҳидҳои русӣ - тақрибан 100 гурӯҳи тактикӣ (100 000 нерӯи низомӣ), ки гӯё ба "таҷовуз" омодаанд ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 ҳамзамон аз чанд самт ҳамла хоҳанд кард, нишон дода шуда буданд.

"Зарбаи ҷодуӣ" аз Вашингтон

Аён аст, ки Киев азми (ё васвоси) Иёлоти Муттаҳидаро фавран арзёбӣ накард. Дар авоили моҳи ноябр Вазорати дифои Украина иттилои нигаронкунандаи Вашингтон дар бораи таҷаммуи нерӯҳои Русия дар наздикии марзҳои Украинаро рад кард.
Пас аз мулоқоти рӯзи 18-уми ноябр дар Иёлоти Муттаҳида Алексей Резников, вазири дифои Украина ва Ллойд Остин, раиси Пентагон дар мавриди "ҷанги давомдори байни Украина ва Русия" ихтилофе вуҷуд надорад.
Украино-американские учения Fearless Guardian - 2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Барномаҳои ҷадиди НАТО барои Украина - “эҷоди ҳарҷумарҷ дар ақибгоҳ”
Сардори Сарраёсати иктишофии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина Кирилл Буданов рӯзи 21-уми ноябр омодагии таҷовузи Русияро тасдиқ кард ва замони онро моҳҳои январу феврал гуфт. Ӯ ҳатто дар бораи харитаи нашршудаи "ҳуҷуми наздики Русия", ки "ҳамлаҳои ҳавоӣ, тӯпхонаӣ ва зиреҳпӯш, баъд аз амалиёти ҳавоӣ дар шарқ, ҳамла дар Одесса ва Мариупол ҳамлаи ёрирасон аз Беларусро дар бар хоҳад гирифт", тавзеҳеро ироа кард.
Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯии Буданов, талафоти ҷуброннопазири нерӯҳои мусаллаҳи Украина метавонад беш аз 14 ҳазор нафарро ташкил диҳад.
Дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина Алексей Данилов рӯзи душанбе дар бораи вуҷуди "кафолат"-ҳое аз Ғарб дар қиболи ҳамлаи артиши Русия иттилоъ дод.
Аввалан, Киев аз Вашингтон талаб мекунад, ки онро бо системаи зенитӣ ва зиддимушакӣ таъмин кунад.
Дар ҳамин ҳол на ҳама муттаҳидони НАТО омодаанд, ки Украинаро бо василаҳои низомӣ дифоъ кунанд. Ёдовар мешавам, ки Гурҷистон бо даҳҳо кишвар ҳампаймон буд, аммо умдатан сарбозони гурҷӣ маҷбур буданд, барои таҷовузи моҳи августи соли 2008 пардохт кунанд.
Масхарабозии низомию сиёсии Киев ва амалкарди ИМА дар Украина аз барномарезӣ шудани як иғвои бузург дар Донбасс гувоҳӣ медиҳад ва "шарикон" Маскавро пешакӣ аз посух - "такрор кардани иштибоҳи соли 2014" ҳушдор медиҳанд.
Флаг Украины на фоне Монумента Независимости на площади Независимости в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Украина ба заминҳои Русия чамши тамаъ дӯхтааст
Шояд онҳо амалиёти "сулҳпарварӣ"-и худро тақрибан то соли 2036 дар Украина ба нақша гирифтаанд, ба мисли сужаи филми амрикоии “Берун аз сим” (2021).
Дар сурати аз сар гирифтани амалиёти ҷангӣ мумкин аст, дар фазои Украина ҳавопаймоҳои "пулис"-у иктишофии нерӯҳои ҳавоии НАТО ва системаҳои дифои зиддимушакии ҳавоӣ дар наздикии Киев пайдо шаванд. Ва аз ин бештар Русия Украинаро ҳамчун як киштии азими НАТО дар наздикии марзаш қабул хоҳад кард.

Мавқеи Русия

Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков 21 ноябр расман эълон кард, ки Киев зери пардаи машқҳои НАТО барои ҳалли низомии қазияи Донбасс талош менамояд.
Раҳбари дафтари матбуотии Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Иванов ба ин илова кард: "Департаменти давлатии ИМА тавассути каналҳои дипломатӣ ба иттифоқчиён ва шарикони худ дар бораи тамаркузи нерӯҳо дар қаламрави кишвари мо барои ... ҳамлаи низомӣ ба Украина маълумоти комилан дурӯғ додааст”.
Ба гуфтаи ХИХ-и Русия, вазъ дар Украина ба вазъи Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 шабоҳат дорад. Маскав ба таври возеҳ "шарикон"-и худро аз оқибатҳои эҳтимолии таҷовуз огоҳ кардааст.
Аз тарафи дигар оҷонсии амрикоии “Bloomberg” қайд кард:
"Авлавияти Путин ҳоло фурӯши газ аст, на ҷанг" ва ширкати мустақими нерӯҳои Русия дар набардҳо дар шарқи Украина лӯлаи гази "Маҷрои Шимол-2"-ро ба хок хоҳад бурд".
Таҳримҳои нави ИМА алайҳи МШ-2, ки рӯзи сешанбе эълон шуданд, "бамборон"-и ғайримунтазираи лӯла дар ояндаи наздик гуфта мешавад, ки ба амнияти энергетикии Аврупо таҳдид мекунад, аммо ҳеҷ гуна маҳдудият наметавонад сиёсати хориҷии мустақили Русияро тағйир диҳад. Афсӯс, ки "шарикҳо" инро намефаҳманд.
Маскав дар муқобили ҳамсоягонаш нақшаҳои хашмгинона надорад ва аммо интихоби эҳтимолӣ дар Донбасс, ба гуфтаи Черчилл, "байни ҷанг ва шарм" комилан пешбинишаванда аст.
Амнияти марзҳои ғарбии кишвар ва уҳдадориҳои беш аз ним миллион шаҳрванди Русия дар Донбасс аз тарҳи ҷудогонаи энергетикӣ муҳимтар аст.
Ва тасодуфӣ нест, ки Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба "шарикон" аз робитаи сабабу оқибати ҳаводиси имрӯзаи Украина ёдоварӣ кардааст:
“Ғарб иқтисоди Украинаро хароб карда, ҷомеаи онро ба беқонунӣ ва ҳатто фақр кашондааст, ки ҳар лаҳза метавонад вазъи ин кишвар ноором созаду то миллионҳо украиниҳо дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ шаванду ба паноҳанда мубаддал гарданд”.
Новобаста аз он ки чӣ тавр маълум мешавад, ҳама имконоти эҳтимолии вокуниши Русия ба таҷовузи проксии Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Донбасс ниҳоят сахтанд ва наметавонанд гуногун бошанд.
Дар оянда Вазорати мудофиаи РФ сарҳад бо Украинаро бо системаҳои нави оташфишони вазнини ТОС-2 "Тосочка", бо системаи автоматии идоракунӣ ва дигар воситаҳои боэътимоди истиқлоли давлатӣ мустаҳкам мекунад.
Лентаи хабарҳо
0