https://sputnik.tj/20211123/zakharova-mamnuiyat-ramz-latviyaro-mahkum-kard-1043708075.html
Захарова мамнуияти рамзи ҶБВ дар Латвияро маҳкум кард
Захарова мамнуияти рамзи ҶБВ дар Латвияро маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Мамнуияти истифода аз рамзи пирӯзӣ дар ҶБВ дар Латвияро ин мақоми Вазорати умури хориҷии Русия маҳкум кард
2021-11-23T12:35+0500
2021-11-23T12:35+0500
2021-11-23T12:35+0500
дар ҷаҳон
аврупо
латвия
шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/12/1032641206_0:0:3033:1706_1920x0_80_0_0_201ecd01531df36d5ddce8980c63eb6f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, тасмими Латвия дар бораи манъи пӯшидани навори Георгий дар рӯйдодҳои умумӣ худи ин кишварро дар як фазои ғайриҷаззоб қарор медиҳад, на рамзи пирӯзӣ дар сари синаи иштирокдорони ин ҷангро."Ман инчунин метавонам шуморо итминон диҳам, ки мо ҳақиқати таърихиро дар ҳама платформаҳои байналмилалӣ дифоъ хоҳем кард, тавре ки то имрӯз будем, дар оянда низ ин корро идома хоҳем дод", - гуфт ӯ дар як конфронси онлайнӣ дар мақарри “Россия сегодня”.Дипломат қайд кард, ки "маъно ва замина"-и ин иқдом "комилан фаҳмост". Рига, ба гуфтаи вай, "дар замони ҳукумати кунунӣ дар бисёре аз тасмимҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии худ иқдомоте анҷом дода, ки мухолиф ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус табъиз мебошанд.Намояндаи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, манъи рамзҳое, ки заминаи ҳуқуқии байналмилалӣ ва бо пирӯзии некӣ бар бадӣ иртибот доранд, бемаънитарин корест, ки дар сиёсат анҷом мешавад."Ин рамзҳо берун аз чаҳорчӯби идеология ё мафҳуми маҳдуди худхоҳонаи сиёсатмадорон зиндаанду ғояи ранҷи якеро барои рифоҳи дигарон ифода мекунанд. Мамнуяти ғояи пирӯзии ин ҷанг дар ҳар замону маконе ғайриимкон аст...", - хулоса кард вай.Парлумони Латвия истифодаи умумӣ аз навор (лента)-и рамзи ҶБВ-ро мамнуъ кард. Ҳоло дар ин кишвари назди Балтика зиёда аз 4000 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебарад. Ин хабар ба бархӯрдҳое мувоҷеҳ шуд.Ҳамасола сол 9 май садҳо ҳазор нафар назди тандиси ёдгории озодкунандагони Рига ҷамъ омада, Рӯзи пирӯзиро таҷлил мекунанд.Таблиғи "навори георгӣ" ба Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Ин идея соли 2005 дар агентии РИА “Новости” пайдо шуда буд, ки ҳоло ба "Россия сегодня" пайвастааст.Дар баробари ин ҳар сол дар Латвия роҳпаймоие ба хотири легионерҳои SS, созмоне, ки трибунали Нюрнберг ҷинояткор эътироф кардааст, баргузор мешавад. Онҳо мукофоту рамзҳои фашистонро ба таври умумӣ намоиш медиҳанд. Дар ин гуна рӯйдодҳои умумӣ вукалои парлумон ва шахсони расмӣ иштирок мекунанд. Ин раҳпаймоиҳо аз ҷониби баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русия аз ҳар роҳе маҳкум мешаванд.
https://sputnik.tj/20210924/gharb-ishtibohot-afghoniston-1042474356.html
аврупо
латвия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/12/1032641206_208:0:2904:2022_1920x0_80_0_0_aed7b777b9446f478e602fa2f96b115d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
захарова русия аврупо ҷбв латвия аврупо
захарова русия аврупо ҷбв латвия аврупо
Захарова мамнуияти рамзи ҶБВ дар Латвияро маҳкум кард
Мамнуияти истифода аз рамзи пирӯзӣ дар ҶБВ дар Латвияро ин мақоми Вазорати умури хориҷии Русия маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, тасмими Латвия дар бораи манъи пӯшидани навори Георгий дар рӯйдодҳои умумӣ худи ин кишварро дар як фазои ғайриҷаззоб қарор медиҳад, на рамзи пирӯзӣ дар сари синаи иштирокдорони ин ҷангро.
"Ман инчунин метавонам шуморо итминон диҳам, ки мо ҳақиқати таърихиро дар ҳама платформаҳои байналмилалӣ дифоъ хоҳем кард, тавре ки то имрӯз будем, дар оянда низ ин корро идома хоҳем дод", - гуфт ӯ дар як конфронси онлайнӣ дар мақарри “Россия сегодня”.
Дипломат қайд кард, ки "маъно ва замина"-и ин иқдом "комилан фаҳмост". Рига, ба гуфтаи вай, "дар замони ҳукумати кунунӣ дар бисёре аз тасмимҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии худ иқдомоте анҷом дода, ки мухолиф ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус табъиз мебошанд.
Намояндаи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, манъи рамзҳое, ки заминаи ҳуқуқии байналмилалӣ ва бо пирӯзии некӣ бар бадӣ иртибот доранд, бемаънитарин корест, ки дар сиёсат анҷом мешавад.
"Ин рамзҳо берун аз чаҳорчӯби идеология ё мафҳуми маҳдуди худхоҳонаи сиёсатмадорон зиндаанду ғояи ранҷи якеро барои рифоҳи дигарон ифода мекунанд. Мамнуяти ғояи пирӯзии ин ҷанг дар ҳар замону маконе ғайриимкон аст...", - хулоса кард вай.
Парлумони Латвия истифодаи умумӣ аз навор (лента)-и рамзи ҶБВ-ро мамнуъ кард. Ҳоло дар ин кишвари назди Балтика зиёда аз 4000 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебарад. Ин хабар ба бархӯрдҳое мувоҷеҳ шуд.
Ҳамасола сол 9 май садҳо ҳазор нафар назди тандиси ёдгории озодкунандагони Рига ҷамъ омада, Рӯзи пирӯзиро таҷлил мекунанд.
Таблиғи "навори георгӣ" ба Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Ин идея соли 2005 дар агентии РИА “Новости” пайдо шуда буд, ки ҳоло ба "Россия сегодня" пайвастааст.
Дар баробари ин ҳар сол дар Латвия роҳпаймоие ба хотири легионерҳои SS, созмоне, ки трибунали Нюрнберг ҷинояткор эътироф кардааст, баргузор мешавад. Онҳо мукофоту рамзҳои фашистонро ба таври умумӣ намоиш медиҳанд. Дар ин гуна рӯйдодҳои умумӣ вукалои парлумон ва шахсони расмӣ иштирок мекунанд. Ин раҳпаймоиҳо аз ҷониби баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русия аз ҳар роҳе маҳкум мешаванд.