https://sputnik.tj/20211123/tolibon-gharb-buhroni-iqtisodi-afghoniston-1043713365.html
Толибон: Ғарб буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистонро доман мезанад
Толибон: Ғарб буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистонро доман мезанад
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи дафтари толибон дар Қатар бо эътироф ба мушкилоти ин гурӯҳ барои идораи Афғонистон мегуяд, ки кишварҳои Ғарб қасдан ба буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар доман мезанад
2021-11-23T15:05+0500
2021-11-23T15:05+0500
2021-11-23T16:50+0500
иқтисод
афғонистон
толибон
мушкилот
буҳрон
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042351204_0:137:3125:1894_1920x0_80_0_0_fd953563d1d28929a92f2c2d1d30759f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии толибон дар Қатар гуфтааст, ки Афғонистон ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст, аммо Ғарб талош дорад, буҳрони иқтисодиро дар кишвар боз ҳам амиқтар кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Вай гуфт, дар 20 соли охир "мо муқовимат бо ИМА ва 54 кишвари дигарро аз сифр оғоз кардем ва ниҳоят пирӯз шудем".Сухангӯи толибон гуфт, ҳадафи аслии гурӯҳ рафъи мушкилоти иқтисодӣ аст: "Бо вуҷуди хазинаи холӣ, масдуд шудани пулҳои миллат аз сӯйи Ғарб ва хиёнати масъулони ҳукумати қаблӣ мо аз манобеи худ, монанди даромадҳои гумрукӣ ва молиётӣ ҳуқуқи кормандони бархе аз вазоратхонаҳоро пардохт кардаем”.Ин мақомдори толибон афзуд, ки бисёре аз кишварҳо то ҳадде бо толибон иртибот доранд: "Мо бо сафирони 15 кишвари аврупоӣ мулоқот кардем ва онҳо дастаҷамъона ба мо тааҳуд доданд, ки бо ҳукумати ҷадид ҳамкорӣ хоҳанд кард".Қаблан Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии ҳукумати толибон иқдоми Амрико дар бораи масдуд кардани дороиҳои Афғонистонро иқдоми нангин хонда буд.Муттақӣ гуфт, Вошингтон бояд ба фикри озод кардани дороиҳои давлати Афғонистон бошад ва давлат муваққати толибон низ муваззаф аст, аз амволи умумӣ ҳифозат кунад.Иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон таъкид кард: "Мо намехоҳем, ки ҳеҷ кишвар ба умури дохилии Афғонистон дахолат кунад ва мо интизорем, кишварҳои мухталиф ба умури дохилии мо дахолат нахоҳанд кард. Мо манфиатҳои дигар кишварҳоро эҳтиром мекунем ва интизорем, ки онҳо низ ба мо ҳамин гуна рафтор мекунанд.
https://sputnik.tj/20211123/kumak-ittihod-avrupo-tolibon-1043710748.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042351204_63:0:2794:2048_1920x0_80_0_0_e614108d340ca953f42ee8a787585e70.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, буҳрон, иқтисодӣ, мушкилот, ғарб
толибон, афғонистон, буҳрон, иқтисодӣ, мушкилот, ғарб
Толибон: Ғарб буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистонро доман мезанад
15:05 23.11.2021 (Навсозишуда: 16:50 23.11.2021) Сухангӯи дафтари толибон дар Қатар бо эътироф ба мушкилоти ин гурӯҳ барои идораи Афғонистон мегӯяд, ки кишварҳои Ғарб қасдан ба буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар доман мезанад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии толибон дар Қатар гуфтааст, ки Афғонистон ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст, аммо Ғарб талош дорад, буҳрони иқтисодиро дар кишвар боз ҳам амиқтар кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Мушкилот вуҷуд дорад, аммо ин мушкилот ба андозае нест, ки ба бақоӣ толибон таҳдид кунад”, - афзуд ӯ.
Вай гуфт, дар 20 соли охир "мо муқовимат бо ИМА ва 54 кишвари дигарро аз сифр оғоз кардем ва ниҳоят пирӯз шудем".
“Ҳоло мо бо тахриби Ғарб, бахусус ИМА рӯ ба рӯ ҳастем ва боварӣ дорем, ки онҳо дидаву дониста буҳрони иқтисодиро дар Афғонистон амиқтар месозанд”, - гуфт Шоҳин.
Сухангӯи толибон гуфт, ҳадафи аслии гурӯҳ рафъи мушкилоти иқтисодӣ аст: "Бо вуҷуди хазинаи холӣ, масдуд шудани пулҳои миллат аз сӯйи Ғарб ва хиёнати масъулони ҳукумати қаблӣ мо аз манобеи худ, монанди даромадҳои гумрукӣ ва молиётӣ ҳуқуқи кормандони бархе аз вазоратхонаҳоро пардохт кардаем”.
Ин мақомдори толибон афзуд, ки бисёре аз кишварҳо то ҳадде бо толибон иртибот доранд: "Мо бо сафирони 15 кишвари аврупоӣ мулоқот кардем ва онҳо дастаҷамъона ба мо тааҳуд доданд, ки бо ҳукумати ҷадид ҳамкорӣ хоҳанд кард".
Қаблан Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии ҳукумати толибон иқдоми Амрико дар бораи масдуд кардани дороиҳои Афғонистонро иқдоми нангин хонда буд.
Муттақӣ гуфт, Вошингтон бояд ба фикри озод кардани дороиҳои давлати Афғонистон бошад ва давлат муваққати толибон низ муваззаф аст, аз амволи умумӣ ҳифозат кунад.
Иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон таъкид кард: "Мо намехоҳем, ки ҳеҷ кишвар ба умури дохилии Афғонистон дахолат кунад ва мо интизорем, кишварҳои мухталиф ба умури дохилии мо дахолат нахоҳанд кард. Мо манфиатҳои дигар кишварҳоро эҳтиром мекунем ва интизорем, ки онҳо низ ба мо ҳамин гуна рафтор мекунанд.