https://sputnik.tj/20211123/sadama-mudhish-bulghoriston-1043706777.html
Садамаи мудҳиши пурқурбонӣ дар Булғористон: даҳҳо кӯдак ҳалок шуд
Садамаи мудҳиши пурқурбонӣ дар Булғористон: даҳҳо кӯдак ҳалок шуд
Sputnik Тоҷикистон
Якбора 45 кас аз қумла 12 кӯдак, дар дохили автобусти сайёҳӣ дар паи садмаи нақлиётӣ ҳалок шуданд
2021-11-23T11:30+0500
2021-11-23T11:30+0500
2021-11-23T14:50+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
булғористон
садамаи нақлиётӣ
садама
кӯдакон
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/17/1043708898_0:146:2800:1721_1920x0_80_0_0_3f920ece4533c1db00dfea7c852479d8.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Як автобуси сайёҳӣ аз Македонияи Шимолӣ дар Булғористон рӯзи сешанбе ба садамаи даҳшатбор дучор шуд, хабар медиҳад БГНЕС. Қайд мешавад, ки пас аз садама автобус ҳамроҳ бо мусофирон оташ гирифтааст. Ин ҳодисаи нохуш дар шоҳроҳи Струма, дар масири София — Благоевград рӯй додааст. Садамаи нақлиётӣ тақрибан соати 03:00 (06:00 ба вақти Душанбе) сурат гирифтааст. Тибқи иттилои пешакӣ, 45 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар миёни онҳо 12 кӯдак низ ҳаст. Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ автобус 52 мусофир доштааст.Тибқи маълумоти пешакӣ, ду зан ва панҷ мард аз ин садама ҷон ба саломат бурда ва дар беморхона бистарӣ шудаанд. Вазъи онҳо вазнин арзёбӣ мешавад. Амалиёт дар ҷои ҳодиса идома дорад. Ҳанӯз гуфта нашудааст, ки сабаби садама дар шоҳроҳи Булғористон чӣ будааст. Дар баробари ин ҳаракат дар ду самт, дар шоҳроҳи Струма, маҳалле, ки садама рух додааст, муваққатан маҳдуд шудааст. Мақомоти Македонияи Шимолӣ аллакай дар робита ба ин фоҷиа изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20211116/sadama-purqurboni-ush-1043575959.html
булғористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/17/1043708898_156:0:2645:1867_1920x0_80_0_0_1ff27d39f5478e315ccd6bcc4dc7b0ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садамаи нақлиётӣ, кӯдакон, ҳалокат, булғористон
садамаи нақлиётӣ, кӯдакон, ҳалокат, булғористон
Садамаи мудҳиши пурқурбонӣ дар Булғористон: даҳҳо кӯдак ҳалок шуд
11:30 23.11.2021 (Навсозишуда: 14:50 23.11.2021) Чиҳилу панҷ кас, аз ҷумла 12 кӯдаки мусофири автобуси сайёҳӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Як автобуси сайёҳӣ аз Македонияи Шимолӣ дар Булғористон рӯзи сешанбе ба садамаи даҳшатбор дучор шуд, хабар медиҳад БГНЕС.
Қайд мешавад, ки пас аз садама автобус ҳамроҳ бо мусофирон оташ гирифтааст. Ин ҳодисаи нохуш дар шоҳроҳи Струма, дар масири София — Благоевград рӯй додааст.
Садамаи нақлиётӣ тақрибан соати 03:00 (06:00 ба вақти Душанбе) сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, 45 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар миёни онҳо 12 кӯдак низ ҳаст. Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ автобус 52 мусофир доштааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ду зан ва панҷ мард аз ин садама ҷон ба саломат бурда ва дар беморхона бистарӣ шудаанд. Вазъи онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Амалиёт дар ҷои ҳодиса идома дорад. Ҳанӯз гуфта нашудааст, ки сабаби садама дар шоҳроҳи Булғористон чӣ будааст.
Дар баробари ин ҳаракат дар ду самт, дар шоҳроҳи Струма, маҳалле, ки садама рух додааст, муваққатан маҳдуд шудааст.
Мақомоти Македонияи Шимолӣ аллакай дар робита ба ин фоҷиа изҳори ҳамдардӣ кардаанд.